Ҷустуҷу
-
Май 21, 2022
Тами волейболи “Пайкони Теҳрон” дар дидори ниҳоии мусобиқоти волейболи қаҳрамонии Осиё бо бартарӣ баробари тими Ҷопон ба қаҳрамонии ин рақобатҳо даст ёфт.
-
Май 20, 2022
Раиси Идораи мероси фарҳангӣ, саноеъи дастӣ ва гардишгарии шаҳристони Хоф дар устони Хуросон Разавӣ гуфт, Усмони Муҳаммадпараст, устоди пешкисват ва дуторнавози маъруфи Эрон дар устони Хуросони Разавӣ дар синни 94 солагӣ дори фониро видоъ гуфт.
-
Май 20, 2022
Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо баёни ин ки тамоми ҷаҳон таҳти таъсири камбуди маводи ғизоӣ қарор гирифтааст, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон аз талошҳои Созмони Милал дар расидагӣ ба мушкилоти марбут ба ноамнии ғизоӣ ҳимоят мекунад.
-
Май 20, 2022
Сухангӯи аршади Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, сафарҳои сарлашкар Боқирӣ бо унвони дипломатияи дифоӣ ва амниятӣ ба дигар кишварҳо, аз ҷумла сафари ахир ба Тоҷикистон, дастоварҳои бисёр хубе дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ барои кишвари мо ва кишварҳои мақсад дорад.
-
Май 18, 2022
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, талош барои афзоиши насл ва ҷавон шудани нерӯи инсонии кишвар ва чораҷўӣ барои наҷоти кишвар аз ояндае ҳавлноки пирии ҷамъиятро, сиёсате ҳаётӣ ва аз заруритарин фароиз донистанд.
-
Май 17, 2022
Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ дар дидор бо вазири дифои Тоҷикистон бар мубориза бо терроризм, барқарории амният дар марзҳо ва ҳамчунин бар баргузории размоишҳои муштараку тавсеаи таҷҳизоти низомии байни ду кишвари Эрону Тоҷикистон таъкид карданд.
-
Май 16, 2022
Сарконсули Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳироти Афғонистон бо волии ин вилоят дидор ва дар бораи масоили дуҷониба гуфтугӯ кард.
-
Май 14, 2022
Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони милал бо маҳкум кардани шаҳодати Ширин Абу Оқила, хабарнигори фаластинии шабакаи Алҷазира, хостори иқдоми фаврии Созмони милал бавижа Шӯрои амният барои поён додан ба ҷиноёти режими Исроил шуд.
-
Май 13, 2022
Муовини консулӣ, маҷлис ва эрониёни Вазорати умури хориҷаи Эрон хостори равонсозӣ, ҳазфи восита ва коҳиши ташрифоти судури раводид аз сӯи Тоҷикистон шуд.
-
Май 13, 2022
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон сафари раиси ҷумҳурии Сурия ба Теҳронро роҳбурдӣ хонд.
-
Май 13, 2022
Шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар дар паёме твиттерӣ аз мизбонӣ ва истиқболи гарми Эрон дар ҷараёни сафараш ба Теҳрон қадрдонӣ кард.
-
Май 13, 2022
Муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар чорчӯби сафари худ ба Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.
-
Май 13, 2022
Намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман аз кумаки Эрон ба ин созмон барои ҳалли буҳрони Яман қадрдонӣ кард.
-
Май 11, 2022
Муовини консулии эрониён ва умури маҷлиси Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, раванди эътои тобеият бар асоси фаъолиятҳои иқтисодӣ осон мешавад.
-
Май 10, 2022
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқлолияти Узбакистон ва барқарории муносибатҳоро фурсати барои бозофаринӣ ва густариши пайвандҳои деринаи ду кишвар тавсия кард.
-
Май 10, 2022
Раисиҷумҳури Эрон гуфт, ислоҳи наҳваи пардохти ёронаи колоҳои асосӣ кори сахте аст, аммо набояд аз ин тасмими сахт фирор кард.
-
Май 10, 2022
Намоишгоҳи акси "Ба сӯи умед" ба муносибати 80-умин солгарди муҳоҷирати лаҳистониҳо дар Ҷанги ҷаҳонии дувум ба Эрон бо ҳузури вазири умури хориҷаи Лаҳистон ва сафири ин кишвар дар Теҳрон оғоз ба кор кард.
-
Май 10, 2022
Раиси Анҷумани нақди адабии Эрон аз пазириши узвияти шоиру донишманди саршиноси тоҷики муқими Узбекистон ба ин конӯн хабар дод.
-
Май 09, 2022
Ҷамъе аз коргарони саросари Эрон имрӯз (душанбе) бо ҳузур дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ), бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.
-
Май 09, 2022
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори Збигнев Рау, вазири хориҷаи Полша дар Теҳрон, бар мухолифати қотеи Эрон бо сиёсатҳои тавсеаталабонаи Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) таъкид кард.