Ҷустуҷу
-
Mar 18, 2019
Натоиҷи таҳқиқоти муассисаи амрикоии Ранд нишон медиҳад, дар сурати рух додани ҷанги ҷаҳонӣ дар оянда, Амрико шикасти сахт ва сангине аз рақибони худ хоҳад хурд.
-
Mar 18, 2019
Як мақоми маҳаллии Афғонистон эълом кард, ки як паҳпод(парандаҳои ҳидоятпазир аз дур)-и амрикоӣ шомгоҳи якшанбе дар наздикии фурудгоҳи Багром, ки бузургтарин пойгоҳи амрикоиҳо дар Афғонистон аст, ба далоили номаълуме суқут кард.
-
Mar 18, 2019
Шумори қурбониёни сел ва рониши замин дар Индонезия ба 58 нафар афзоиш ёфт.
-
Mar 18, 2019
Ифтитоҳ ва баҳрабардории чаҳор фазаи ҷадиди Порси Ҷанубии Эрон, бозтоби густурдае дар расонаи ҷаҳон дошт.
-
Mar 18, 2019
Устоди риштаи ховаршиносӣ дар Донишгоҳи равобити байналмилали вобаста ба вазорати умури хориҷаи Русия мӯътақид аст, ки Тоҷикистон ва Узбакистон дар чорчӯби Иттиҳодии иқтисодии АвруОсиё (Еврозес)метавонанд, ҳамкориҳои густурда ва беҳтаре дошта бошанд.
-
Mar 18, 2019
33 тарҳ ва прожаи зербиноӣ ва иқтисодӣ дар устони Бушеҳр дар ҷануби Эрон бо ҳузури раиси ҷумҳури Эрон ва ба сурати видео конфронс, ифтитоҳ ва ё амалиёти иҷроии онҳо оғоз шуд.
-
Mar 18, 2019
Масъулони 9 созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон бо ирсоли номае муштарак ба Хадамоти зиддиинҳисории ин кишвар, худдории ин ниҳод аз афзоиши нархи Интернетро хостор шудаанд.
-
Mar 17, 2019
Террористҳои мусаллаҳ рӯзи ҷумъа бо вуруд ба ду масҷид дар шаҳри Кристчерчи Зеландияи Нав ба самти намозгузорон оташ гушоданд, ки дар ин ҷинояти ҳавлнок беш аз 50 намозгузор кушта ва 50 нафари дигар захмӣ шуданд. Бо вуҷуди маҳкум шудани ин ҳамлаи террористӣ аз сӯйи бисёре аз сарони кишварҳои ҷаҳон расонаҳои ғарбӣ дар чорчӯби манофеи худ мавзӯи терроризмро пӯшиш медиҳанд ва бархӯрди дугона бо ин мавзӯъ доранд.
-
Mar 17, 2019
Рӯзномаи кувейтии “Алраъй” навишт, сиёсати Амрико барои ба зону даровардани Эрон дар Ироқ шикаст хӯрда ва ҳар он чӣ Трамп барои дар тангно қарор додани Эрон анҷом дод, суде надоштааст.
-
Mar 17, 2019
Тими миллии кӯштии Эрон ноиби қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии кӯштӣ дар Русия шуд.
-
Mar 17, 2019
Тирандозиҳои 24 соати гузашта дар нуқоти мухталифи Амрико 84 куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
-
Mar 17, 2019
Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ гуфт, талоши ДИИШ барои контроли шимоли Афғонистон ва манотиқи ҳамарзи Тоҷикистон нигаронкунанда аст.
-
Mar 17, 2019
Намоишгоҳе бо унвони “Нигоҳе бар осори таърихӣ ва табиати Эрон” дар Мехико-Сити пойтахти Мексика барпо шуд.
-
Mar 17, 2019
Садҳо нафар аз мардуми Амрико бо таҷаммӯъ дар атрофи Кохи Сафед дар Вашингтон, ҳимояти худро аз раиси ҷумҳурии Венесуэла эълом карданд.
-
Mar 17, 2019
Иди Наврӯз дар Бадахшони Тоҷикистон бо номҳои «Шогун» ва «Хидирайём» номида мешавад ва мардуми ин вилоят бо таҳният ва шодбош ба якдигар аз иборати «шогун баҳор муборак» истифода мекунанд.
-
Mar 17, 2019
300 коргари муҳоҷири Тоҷикистонӣ, ки барои кори озими Русия ҳастанд 3 рӯз аст, ки дар гузаргоҳи марзии миёни Қазоқистон ва вилояти Кургани Русия мутаваққиф шудаанд.
-
Mar 16, 2019
Марзи миёни ду кишвари ҳамсоя Тоҷикистон ва Қирғизистон дубора маҳалли нооромиҳо ва нигарониҳо шудааст.
-
Mar 16, 2019
Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Сооронбой Ҷээнбеков ҳамтои қирғизистониаш дар гуфтугӯи телефонӣ, таниши марзии ахир байни ду кишварро баррасӣ карданд.
-
Mar 16, 2019
Адабиёти муосири Эрон дар панеле дар шашумин намоишгоҳи байналмилалии Китоби Истанбул, тавассути раиси бахши адабиёти форсии Донишгоҳи Истанбул ва вобастаи фарҳангии сарконсулгарии Эрон дар ин шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.