Ҷустуҷу
-
Feb 17, 2018
Ҳар сола бар асари резиши барфу тарма дар роҳҳои Тоҷикистон, теъдоде аз мусофирон кушта ва захмӣ мешаванд.
-
Feb 17, 2018
Тоҷикистон қасд дорад зерсохтҳои гардишгарии канорироҳиро тавсеа диҳад.
-
Feb 17, 2018
Кормандони дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом ба мусодираи ду бӯстонсарои шахсии Зайд Саидов, фаъоли зиндонии бахши хусусии ин кишвар дар ноҳияи Варзоб, дар шимоли шаҳри Душанбе кардаанд.
-
Feb 17, 2018
Раиси Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳури ин кишвар гуфт, бо вуҷуди коҳиши 24 дарсадии мизони фақр тайи 10 соли ахир, ҳанӯз ҳам 30 дарсад аз мардуми Тоҷикистон зери хати фақр қарор доранд.
-
Feb 16, 2018
Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлоси солонаи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Feb 16, 2018
Қарор аст сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон аз рӯзи 20-уми феврал масъулияти касбии худро дар ин мақом оғоз кунад.
-
Feb 16, 2018
Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон вазорати маориф ва илмро фосидтарин сохтори ин кишвар дар соли 2017 эълом кард.
-
Feb 15, 2018
Неруи марзбонии Полша яке аз муассисон ва сухангӯи “Анҷумани озодандешони тоҷик”-ро дар фурудгоҳи Варшава боздошт ва пас аз бозҷӯӣ, вайро озод карданд.
-
Feb 15, 2018
Раиси Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин кишвар номи беш аз ҳазору 500 русто, ҷомоат ва рӯдхона мутобиқи меъёрҳои забони давлатӣ нест.
-
Feb 15, 2018
Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо интишори баёнияе дар сомонаи худ муассисони Анҷумани озодандешони тоҷикро “олимони кундзеҳн” ва “журналистони шикастақалам” хондааст.
-
Feb 15, 2018
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2017 беш аз 30 ҳазор воҳиди тавлидии бахши хусусӣ фаъолияти худро қатъ кардааст, аммо Анҷумани соҳибкорони хурду миёна омори дигаре дорад.
-
Feb 15, 2018
Раисҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти заифи ниҳодҳои варзишии кишвараш ба шиддат интиқод кард ва бознигарӣ дар таркиб, сохтор ва барномаи фаъолияти федератсиюнҳои варзиширо хостор шуд.
-
Feb 15, 2018
Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон аз 497 мавриди худкушии занон дар соли 2017 дар ин кишвар хабар дод.
-
Feb 14, 2018
Натиҷаи назарсанҷии як маркази афкорсанҷии умумӣ дар Узбакистон нишон дод, шаҳрвандони ин кишвар дар мубориза бо терроризм, ба тартиб Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Амрикоро ҳампаймон медонанд.
-
Feb 14, 2018
Тоҷикистон омодаи содироти 1.5 миллиард киловатт соат барқ ба Узбакистон аз оғози баҳор аст.
-
Feb 14, 2018
Шурои уламои Тоҷикистон дар баёнияе бо ибрози нигаронӣ аз таъсиси Анҷумани озодандешони тоҷик онро созмоне шубҳанок хондааст.
-
Feb 14, 2018
Ду бонки буҳронзадаи Тоҷикистон, шомили “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвесбонк” дар ду соли гузашта бо нотавонӣ дар пардохти пули муштариёни худ, муҷиби саргардонии онҳо шудаанд.
-
Feb 14, 2018
Сухангӯи нерӯи марзбонии Тоҷикистон аз боздошти як қочоқчии маводи мухаддири афғон бо беш аз 70 килограм маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе хабар дод.
-
Feb 13, 2018
Вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон гуфт: Тавлиди тилло дар кишвар ру ба рушд аст.