Ҷустуҷу
-
Apr 12, 2017
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни хадамоти давлатӣ ва қонуни ҷиноии ин кишвар заминаи муҷозоти афроди дорои дутобеиятӣ дар сурати пинҳон кардани ин мавзуъ аз сӯи ононро тасвиб кард.
-
Apr 12, 2017
Муовини фармондеҳи нерӯи ҳавоӣ ва фазоии Русия аз тавофуқномаи эҳдоси системаи дифои ҳавоии муштараки минтақаӣ байни Маскав, Душанбе ва Бишкек хабар дод.
-
Apr 12, 2017
Ба дунболи ҷорӣ шудани тағйирот дар Қонуни хадамоти давлатии Тоҷикистон як коршинос гуфт, бештари персонали ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тобеияти Русияро доранд ва то ба ҳол ҳеч мавриде аз инсироф аз тобеияти дувум ба сабт нарасидааст.
-
Apr 12, 2017
Сафирони тозамансубшудаи панҷ кишвар устуворномаҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.
-
Apr 12, 2017
Дар соли гузаштаи 2016 ҷойгоҳи Тоҷикистон дар рутбабандии ҷаҳонии гардишгарӣ беҳбуд ёфт ва ин кишвар дар рутбабандии ҷаҳонӣ 12 зина боло омад.
-
Apr 12, 2017
Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон эълом карданд, бо вуҷуди музокироти дурӯзаи ҳайатҳое аз идороти ҳавопаймоии кишварии ин ҷумҳурӣ ва Русия дар Маскав барои поён додан ба ихтилофоти парвозии ахир, ҳанӯз ҳам тарафҳо ба тавофуқ нарасидаанд.
-
Apr 11, 2017
Ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон билохира аз имрӯз, сешанбе парвозҳои худро ба пойтахи Тоҷикистон оғоз кард.
-
Apr 11, 2017
Парвозҳои Узбакистону Тоҷикистон пас аз 25 соли вақфа аз сар гирифта шуданд.
-
Apr 10, 2017
Бонки миллии Тоҷикистон бо интишори баёнияе афроди судҷуро омили аслии афзоиши бесобиқаи доллар ва суқути арзиши сомонӣ дар бозори муомилоти асъории ин кишвар муаррифӣ кардааст.
-
Apr 10, 2017
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳеро баррасӣ хоҳад кард, ки бар асоси он, афроди дорои дутобеиятӣ дар сурати пинҳон кардани ин мавзуъ муҷозот ва ҷарима хоҳанд шуд.
-
Apr 10, 2017
Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон ба фаъолони бахши хусусӣ ва афроди некӯкор ваъда додааст, ки дар сурати сохти манзили истиқомативу иншооти дигарро сохта, бепул (ройгон) дар ихтиёри давлат ё истифодаи умум бигузоранд, барои онон осонии андоз дода хоҳад шуд.
-
Apr 09, 2017
Тоҷикистон бо судури ҳудуди ду миллиону 600 ҳазор киловатт соат барқ ба Афғонистон, дар моҳи гузашта мизони содироти барқи тавлидии худро ба ин кишвар афзоиш дод.
-
Apr 09, 2017
Манобеи вазорати ҳамлу нақли Русия аз идомаи гуфтугуҳои ҳайатҳои идороти ҳавопаймоии кишварии ин ҷумҳурӣ ва Тоҷикистон, барои поён додан ба ихтилофоти парвозӣ дар Маскав, дар рӯзи душанбе 10 апрели соли ҷорӣ хабар додаанд.
-
Apr 09, 2017
Бонки миллии Тоҷикистон ба марокизи молӣ ва бонкии ин кишвар дастур додааст, ки барои муштариёни доимии хеш, фурӯши долларро маҳдуд ва дар сурати ниёз мамнуъ кунанд.
-
Apr 08, 2017
Дар бинои Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо ширкати меҳмонон, тоҷикони муқими Эрон ва донишҷуёни тоҷик баргузор шуд.
-
Apr 08, 2017
Раисони ҷумҳурии Русияву Тоҷикистон ба муносибати биступанҷумин соли барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишвар ба якдигар паёмҳои табрикӣ ирсол карданд.
-
Apr 08, 2017
Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳошияи нишасти вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви ҷомеаи ҳамсуд дар Тошканд дидор ва мавзӯи равобити дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.