Ҷустуҷу
-
Aug 21, 2017
Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ҳифзи барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ва ҷилавгирӣ аз бадаҳдиҳои Амрико, авлавияти ҷумҳурии исломии Эрон аст.
-
Aug 20, 2017
Мақомоти Тоҷикистон дар мавриди гузориши бархе расонаҳо аз вуҷуди як кӯдаки ятими тоҷик дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ эълом карданд, ки дар сурати сиҳати тобеияти тоҷикии вай, ин кӯдакро ба Тоҷикистон бозмегардонанд.
-
Aug 20, 2017
Ҳамзамон бо ковиши оброҳаҳои Маҷмӯаи ҷаҳонии Тахти Ҷамшед девори пинҳони бахши ҷанубии ин маҷмӯа ошкор ва шиносоӣ шуд.
-
Aug 20, 2017
Хохоми шаҳри Барселона ҳамлаи террористӣ дар ин шаҳрро дастовезе барои тарвиҷи афкори худ алайҳи фаластиниҳо ва дигар мусалмонон қарор дод.
-
Aug 20, 2017
Як узви Конгресси Амрико муоинаи мағзӣ ва равонпизшикии Доналд Трамп ва баррасии тавонои ӯро барои идомаи раёсатҷумҳурии Амрико хостор шуд.
-
Aug 20, 2017
Узбакистон ва Қазоқистон тавофуқномаи ҳамкории низомӣ имзо карданд.
-
Aug 19, 2017
Давлати Туркманистон қонунеро ҷорӣ карда, ки бар асоси он афроде, ки дар балкони манзили худ либос паҳн кунанд, ҷарима мешаванд.
-
Aug 19, 2017
Хадамоти амнияти федералии Русия фишор бар коргарони муҳоҷири Тоҷикистониро барои касби иттило аз ҳамватанони ин афрод ва иртиботи эҳтимолии онон бо гурӯҳҳои ифротӣ ташдид кардааст.
-
Aug 19, 2017
Муовини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, дар 10 рӯзи ахир аъзои коргурӯҳҳои вижаи таблиғи фарҳанги миллии бонувони тоҷик дар кӯчаҳову хиёбонҳои пойтахт бо беш аз 8 ҳазор бонуи боҳиҷоб гуфтугӯ кардаву аз онон хостаанд, ки аз либоси бегона даст бикашанд.
-
Aug 19, 2017
Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки қасд дорад то соли 2020 бо фурӯши 3 миллиард киловатт соат барқ 120 миллион доллар даромад ба даст оварад.
-
Aug 18, 2017
Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон эълом кард, бо беҳбуди вазъияти зерсохти тавлиди барқ дар Тоҷикистон имсол дар фасли сармо маҳдудияти нерӯи барқ нисбат ба давраи мушобеҳи соли қабл камтар хоҳад шуд.
-
Aug 18, 2017
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон бо маҳкум кардани иқдомоти террористӣ ва зиддиинсонӣ дар Барселонаи Испания ба ҳукумат, миллат ва хонаводаи қурбониёну маҷрӯҳони ин ҷиноят ибрози ҳамдардӣ кард.
-
Aug 18, 2017
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба ҷинояти нажодпарастон дар Амрико гуфт, Амрико дар хати муқаддами зер по гузоштани ҳуқуқи башар қарор дорад ва мақомҳои ин кишвар бояд аз изҳори назар дар бораи ҳуқуқи башар дар соири кишварҳо хиҷолат бикашанд.
-
Aug 17, 2017
Ҳазорон нафар аз сокинони маҳаллаи Манхэттени Ню-Йорк бо имзои нома аз Доналд Трамп дархост карданд, тибқи қарори қаблӣ ба Кохи Сафед баргардад.
-
Aug 17, 2017
Бархе аз шоҳзодагони Саудӣ дар солҳои 2015 ва 2016 дар чанд кишвари аврупоӣ нопадид шуда ва ба зӯр ба Арабистон баргардонда шудаанд.
-
Aug 17, 2017
Раиси Шӯрои уламои ғарби Афғонистон бар лузуми эҷоди ваҳдату якпорчагӣ дар миёни мардуми ин кишвар ва мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ таъкид кард.
-
Aug 17, 2017
Раиси ҷумҳурии Узбакистон аз фишори нерӯҳои амниятӣ бар расонаҳои ин кишвар, ба вижа расонаҳои мунтақиди давлат интиқод кард.
-
Aug 17, 2017
Никита Мендкович, коршиноси Шӯрои равобити хориҷии Русия муътақид аст, ки ҳамкории баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо гурӯҳҳои ифротӣ ва мушорикати онҳо дар фаъолиятҳои террористӣ ба маънии дар маърази иттиҳом қарор гирифтани ҳамаи тоҷикон нест ва аксари тоҷикон афроди заҳматкаш ва дур аз андешаҳои ифротӣ ҳастанд.
-
Aug 16, 2017
Раиси бахши ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид дар умури Афғонистон эълом кард, аз соли 2009 токунун 77 ҳазор шаҳрванди ин кишвар, қурбонии ҷанг ва ҳамалоти террористӣ шудаанд.
-
Aug 16, 2017
Вазири хориҷаи Эрон гуфт: Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), ҳосили эътимод ба Амрико нест, балки нишонгари беэътимодии ҷиддӣ ба сиёсатҳои Амрико аз нахустин рӯзи музокирот то масири иҷрои БАРҶОМ будааст.