Ҷустуҷу
-
Apr 24, 2017
Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон аз сафари ҳайате аз идораи ҳавопаймоии ин кишвар ба Русия, пас аз вақфаи 10 рӯза- дар музокироти ҷонибҳо барои поён додан ба ихтилофоти парвозӣ, миёни Душанбе ва Маскав хабар доданд.
-
Apr 23, 2017
Сафири Дания дар Теҳрон гуфт: Эрон ба далели сиёсатҳои муваффақи дохилӣ ва хориҷӣ, амнтарин кишвари Ховари Миёна барои сармоягузории иқтисодӣ ва тиҷорӣ аст.
-
Apr 23, 2017
Сарпарасти Пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом (ISC) гуфт: Эрон дар байни 25 кишвари тавлидкунандаи мақолоти бартари ҷаҳон дар соли 2016 қарор дорад.
-
Apr 23, 2017
Бонки миллӣ ва Кумита андози Тоҷикистон ба масъулини 301 маркази тиҷорӣ ва хадамоти умумии ин кишвар 25 рӯз муҳлат додаанд, ки барои насби дастгоҳҳои кортхон (ПОС терминалҳои электронӣ) иқдом кунанд ва дар акси ҳол, ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум хоҳанд шуд.
-
Apr 22, 2017
Мавзуи хатти Дюранд, хатти фарзии марзии Покистон ва Афғонистон аз масолие аст, ки солҳо мӯҷиби ихтилофи ду кишвар аст. Бархе коршиносони сиёсӣ муътақиданд, ин мавзӯъ бояд бо мушорикати созмонҳои байналмилалӣ барои ҳамеша поён ёбад.
-
Apr 22, 2017
Муовини ширкати миллии “Қазоқ сармоя” аз тавоноии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои афзоиши як миллиард долларии ҳаҷми тиҷорат хабар дод.
-
Apr 22, 2017
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар бар бадаҳдии Амрико дар қиболи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) таъкид кард.
-
Apr 22, 2017
Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми маҳкумияти як сарбоз ва ду афсари яке аз воҳидҳои низомии Вазорати дифои ин кишвар дар шаҳри Душанберо ба иллати марги сарбоз Эҳсон Элчибеков эълом кард.
-
Apr 22, 2017
Ширкатҳои чинии фаъол дар бахшҳои саноат ва маъдани Тоҷикистон барои шаҳрвандони тоҷик барномаи корофаринии баландмуддат надоранд ва аксаран атбои худро ба кор мегиранд.
-
Apr 22, 2017
Коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки тафаккури салафият барои кишварҳои минтақа ва Тоҷикистон дар оянда бисёр хатарнок хоҳад шуд ва бояд барои ҷилавгирӣ аз ин андеша барномарезӣ кард.
-
Apr 22, 2017
Давлати Тоҷикистон бахше аз манобеи молиеро, ки қаблан барои ҳимоят аз бонкҳои буҳронзадаи ин кишвар ихтисос дода буд, ба нерӯгоҳи дар ҳоли сохти барқи обии “Роғун” мунтақил хоҳад кард.
-
Apr 20, 2017
Ширкатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар поёни нишасти тиҷории худ дар Душанбе, 20 қарордод ба арзиши 35 миллион доллар имзо карданд.
-
Apr 20, 2017
Истифодаи Амрико аз бузургтарин бомби ғайри ҳастаӣ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон, бори дигар таваҷҷӯҳи афкори умумиро ба мавзуи ҳузури Амрико дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ба вижа ДИИШ ҷалб кард.
-
Apr 20, 2017
Хонаҳои таърихӣ ва суннатӣ ба унвони ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Эрон, яке аз ангезаҳои қавии сафари гардишгарон ва ҷаҳонгардони хориҷӣ ба ин кишвар маҳсуб мешавад, мариммат ва ҳифзи созаҳои таърихӣ, муҳиммтарин рисолати Созмони мероси фарҳангӣ аст.
-
Apr 20, 2017
Девони байналмилалии додгустарӣ, иддаои давлати Украина, мабнӣ бар ҳимояти Русия аз мухолифони шарқи Украинаро рад кард.
-
Apr 20, 2017
Сандуқи байналмилалии пул коҳиши рушди иқтисодиро дар соли 2017 барои Тоҷикистон пешбинӣ мекунад.
-
Apr 19, 2017
Дар ҳоле, ки Кумитаи марзбонии Узбакистон аз кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари даргирӣ бо марзбонони узбакистонӣ дар марзи муштараки ин ду кишвар дар навоҳии Турсунзода ва Сариосиё хабар дод, Кумитаи марзбонии Тоҷикистон тарафи Узбакистонро муқассири ин моҷаро муаррифӣ карда ва гуфтааст, ки марзбони Узбакистон бо вуруди ғайримуҷоз ба умқи 100 метрии дохили қаламрави Тоҷикистон бо 3 чупони тоҷик даргиру яке аз ононро куштаанд.
-
Apr 19, 2017
Устондори Хуросони Разавӣ дар маросими ихтитомияи сеюмин Ҷашнвораи фарҳанги милал дар Машҳад гуфт, Машҳади муқаддас конуни шаклгирии фарҳанги эронӣ ва исломӣ аст.
-
Apr 19, 2017
Раисҷумҳури Амрико пайбандии Эронро ба тааҳҳудоти худ дар барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) тайид кард.
-
Apr 19, 2017
Вазири умури хориҷаи Эрон бо раиси ҷумҳурӣ ва вазири умури хориҷаи Қирғизистон дар Бишкек дидор ва гуфтугӯ кард.