Ҷустуҷу
-
Oct 27, 2018
Муовини Идораи манъи густариш ва контроли таслиҳоти вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, Амрико омодаи ҷанг мешавад ва Русия бояд барои дифо аз хок, усул ва арзишҳои худ омода бошад.
-
Oct 27, 2018
Интихоботи парлумонии Афғонистон дар ҳоле баргузор шуд, ки Ғарб ва дар сарварии он Амрико, талош мекунад ба таври ҳадафманд аз ин рӯйдоди муҳимми сиёсӣ баҳрабардорӣ кунад.
-
Oct 27, 2018
Баргузории размоишҳои НАТО дар кишварҳои ҳамсояи Русия ҳамвора бо вокуниш манфии Маскав мувоҷеҳ шудааст.
-
Oct 27, 2018
Хадиҷа Чангиз, номзади Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди Оли Сауд гуфт: “Амрико дар парвандаи қатли Хошуқҷи содиқ нест ва даъвати раисҷумҳури ин кишварро барои сафар ба Амрико намепазирам”.
-
Oct 27, 2018
Қарзи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳт “Сангтӯда -1” аз 106 миллион доллар фаро рафт.
-
Oct 27, 2018
Сафири Тоҷикистон дар Русия аз мақомоти Маскав хост, барои афви дубораи коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз ин кишвар иқдом кунанд.
-
Oct 27, 2018
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Oct 26, 2018
Бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъе аз рӯзноманигорони хориҷӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷашнвораи ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд оғоз шуд.
-
Oct 26, 2018
Мақомоти Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърихи равобити ин кишвар бо Русия хостори таъсиси мактаби тоҷикӣ дар пойтахти федератсияи Русия шуданд.
-
Oct 26, 2018
Пулиси Туркия аз оғози таҳқиқот рӯйи намунаҳои оби чоҳи консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия дар иртибот бо парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ хабар дод.
-
Oct 26, 2018
Раиси пешини Сандуқи байналмилалии пул бо ҳукми Девони олии додгустарии Испания ва ба ҷурми қаллобӣ барои чаҳоруним сол равонаи зиндон шуд.
-
Oct 25, 2018
Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои баландтарин низомҳои молиётӣ дар ҷаҳон аст ба тавре, ки дар Ҷомеаи ҳамсуд низ аз ин манзар дар радифи нахуст қарор дорад. Коршиносон молиёти сангинро монеи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон медонанд.
-
Oct 25, 2018
Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин посухи ҷолибе ба иддаои рӯзномаи Ню-Йорк Таймз дод, ки мавзӯи шунуди тамосҳои телефонии раисиҷумҳури Амрико, тавассути Пекин ва Маскавро матраҳ карда буд.
-
Oct 25, 2018
Ҷамъе аз ҷавонони Эрон бо ирсоли номае ба се забони форсӣ, арабӣ ва англисӣ аз ҷавонони ҷаҳони Ислом хостанд, барои амалӣ кардани ваҳдати воқеӣ дар ҷаҳони Ислом талош кунанд.
-
Oct 25, 2018
Маркази муҳоҷиратии чанд амалкард (бисёрфунксионал)-ии шаҳри Маскав бо пешниҳоди навори кӯтоҳи роҳнамо ба муҳоҷирони корӣ, қадам ба қадам роҳи қонунии кор ва фаъолият дар Русия аз рӯзҳои аввалро ба онон нишон додааст.
-
Oct 25, 2018
Сомонаи русизабони Кaktakto аз панҷ одати мардумони Осиёи Марказӣ навиштааст, ки ба навиштаи ин сомона барои хориҷиҳо қобили дарк нест.
-
Oct 25, 2018
Тоҷикистон аз идораи таҳқиқоти федерали Амрико FBI даъват кардааст, ки дар таҳқиқи парвандаи ҳамлаи муҳоҷимон ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ кумак кунад.
-
Oct 25, 2018
Аз оғози сол Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 2,5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот намуда, аз ин ҳисоб 72 млн. 527 ҳазор доллар даромад гирифт.
-
Oct 24, 2018
Муовини дабири кулли Созмони милал дар умури башардӯстона дар Нишасти Шӯрои амният дар бораи вазъияти инсонӣ дар Ямани ҷангзада ва таҳти муҳосира, суханони ҳавлноке дар бораи гуруснагии 14 миллион яманӣ матраҳ кард.
-
Oct 24, 2018
Нахуствазири Покистон эълом кард, кишвараш омодагӣ дорад, байни Арабистон ва Эрон миёнҷигарӣ кунад.