Ҷустуҷу
-
Oct 13, 2016
Амрико ва Арабистон тавофуқ кардаанд, то пайравони гурӯҳи террористии ДИИШ битавонанд пеш аз оғози амалиёти озодсозии шаҳри Мусил, воқеъ дар шимоли Ироқ дар сояи амният аз ин шаҳр хориҷ шуда, ба Сурия бираванд.
-
Oct 12, 2016
Муовини сиёсии дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Арабистон дар ҳарос аз иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ ва нақзи муоҳидаҳои байналмилалӣ, саранҷом ба таври расмӣ ҷиноят дар Яманро пазируфт.
-
Oct 11, 2016
Раиси дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо ибрози нигаронӣ аз густариши ифротгароӣ дар ин кишвар гуфт: Яке аз роҳҳои мубориза бо густариши ин падидаи шум барқарории низоми демократия аст.
-
Oct 10, 2016
Бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли афзоиши амалиёти террористӣ дар айёми Тосуо ва Ошӯрои ҳусайнӣ нерӯҳои артиши Покистон вориди Парачнар ва минтақаи Ҳанго аз манотиқи қабиланишини ин кишвар дар иёлати Хайбар Пахтунхоҳ шуданд.
-
Oct 10, 2016
Бино бар эъломи Созмони милал, шумори касоне, ки пас аз ҳамлаи Толибон ба шаҳри Қундуз маҷбур ба тарки хонаву кошонаи худ шудаанд, дар ҳоли афзоиш аст.
-
Oct 10, 2016
Ширкатҳои туркманистонӣ, бахши роҳи оҳани минтақаии ин кишвар бо Афғонистон ва Тоҷикистонро дар моҳи ноябр ба поён мерасонанд.
-
Oct 09, 2016
Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Таиланд эълом карданд, ки омодаанд, фасли тозаеро дар равобити ду кишвар бикушоянд ва якдигарро дар дастёбӣ ба бозорҳои шарқу ғарби Осиё, Осиёи Марказӣ ва дар ниҳоят, Аврупо ёрӣ диҳанд.
-
Oct 09, 2016
Намояндагони маҷлиси Думои Русия, тарҳи қонуни афви коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишварро, дар баррасии нахуст тасвиб карданд.
-
Oct 09, 2016
Сафири Ироқ дар Эрон мегуяд, ҳукумати Оли Сауд ба ҷои ҳаракат ба самти Қудс ва муқобила ба ишғолгарони саҳюнист, занон ва кӯдакони яманиро ба хоку хун мекашад.
-
Oct 07, 2016
Бистучаҳорумин намоишгоҳи байналмилалии санъати нафту гази Қазоқистон дар шаҳри Алмаато баргузор шудааст.
-
Oct 07, 2016
Дар пайи судури ҳукми додгоҳи Душанбе ва маҳкумияти Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, вакилони дифои тоҷик ба 23 ва 21 соли зиндон созмонҳои дифои ҳуқуқи башар бо нашри баёнияҳое ин ҳукмро маҳкум карданд.
-
Oct 07, 2016
Ҳамзамон бо нахустин ҷумъаи моҳи муҳаррам ва ба ёди тифли ширхораи шаҳиди Карбало, субҳи имрӯз ҳамоиши "Ширхорагони ҳусайнӣ" дар ҳудуди чаҳор ҳазор нуқтаи Эрону ҷаҳон баргузор шуд.
-
Oct 07, 2016
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон асри ҷумъа дар нишасти хабарии муштарак бо Наҷиб Тун Раззоқ, нахуствазири Малайзия аз тавофуқи ду тараф барои бозгашти равобити Теҳрон – Куала-Лумпур ба сатҳи гузашта хабар дод.
-
Oct 07, 2016
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон аз ҳамаи мусулмон ва озодагони ҷаҳон хост, бо пайравӣ аз раҳнамудҳои Имом Ҳусайн (а) ва идомаи наҳзати Ошӯро, шароити озодии миллатҳоеро, ки дар банди сиёсатҳои золимонаи истикбори ҷаҳонӣ ҳастанд, фароҳам кунанд.
-
Oct 06, 2016
Брюссел, пойтахти Белгия дар ду рӯзи гузашта мизбони конфронси байналмилалии Афғонистон буд.
-
Oct 06, 2016
Дирӯз чаҳоршанбе (5-уми октябр), Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тафоҳумномаи истирдоди зиндонёнро бо Аморот имзо кард.
-
Oct 05, 2016
Намояндагони 70 кишвар ва 30 созмони байналмилалӣ аз дирӯз дар "Конфронси байналмилалии Афғонистон" дар Брюссел, пойтахт Белгия гирди ҳам омадаанд.
-
Oct 05, 2016
Коршиноси масоили сиёсии Афғонистон гуфт: Даргириҳои ахири Қундуз роҳбурди ҷадиди Амрико барои интиқоли ҷанг ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон ва Узбакистон аст.
-
Oct 05, 2016
15 узви Шӯрои амнияти Созмони милал дар талош ҳастанд, то барои таъини ҷонишини Бан Ки Мун баунвони дабири кулли Созмони милал, ба як тавофуқи ниҳоӣ бирасанд.