Ҷустуҷу
-
Jul 17, 2019
Сухангӯи Вазорати бозаргонии Чин аз Амрико хост, рафтори иштибоҳи худро дар заминаи маҳдудиятҳои тиҷории эъмолшуда зидди Чин, ба вижа дар бахши фанноварӣ ва роёна ислоҳ кунад.
-
Jul 17, 2019
Дар идомаи раванди мусбати таомули давлат ва намояндагони дин дар Узбакистон, мақомоти ин кишвар ба рӯҳониён иҷоза доданд то барои муҳоҷирони кории озим ба хориҷ суханронӣ кунанд.
-
Jul 16, 2019
Сокинони шаҳристони Исфара дар вилояти Суғд барои дидори раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон омода мешаванд.
-
Jul 15, 2019
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, таниш дар минтақаи халиҷи Форс барои ҳама хатарнок аст.
-
Jul 15, 2019
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар врӯд ба Ню-Йорк бар лузуми иродаи ҷиддӣ ва амалии аврупоиҳо барои ҳифзи барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак ( БАРҶОМ ) таъкид кард.
-
Jul 14, 2019
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: Эрон ҳеҷ музокирае бо мақомоти Амрико дар ҳеҷ сатҳе надорад.
-
Jul 14, 2019
Нашрияи "Нэшнл Интресет" дар гузорише навишт, Эрон тавоноии муқобила бо таҳримҳои Амрико ва пайгирии муваффақи сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии худро дорад.
-
Jul 13, 2019
Конгресси Амрико тарҳеро тасвиб кард, ки ихтиёроти раисҷумҳури ин кишварро барои ҷанг бо Эрон маҳдуд мекунад.
-
Jul 13, 2019
Равобити Туркия ва Амрико пас аз кудатои нофарҷоми 15 июли 2016 дучори танишҳои зиёде шудааст. Бар хилофи умеди мақомоти турк дар бораи беҳбуди равобити ду кишвар бо руи кор омадани Доналд Трамп, аммо дар амал ихтилофоти ду кишвар ба шиддат ташдид шудааст.
-
Jul 12, 2019
Додгоҳи ноҳияи Синно дар шаҳри Душанбе як шаҳрванди тоҷикистони ро барои муъомилаи ғайри муҷози арзи хориҷӣ ва тақалуб ба 13 соли зиндон маҳкум кард.
-
Jul 12, 2019
Раиси Ҷумҳурии Русия эълом кард,ки барои музокира бо давлати нави Украин ба ҳар шакле омодааст.
-
Jul 11, 2019
Равобити умумии минтақаи панҷуми нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон иддаои манобеи амрикрӣ мабни бар талоши шиноварҳои нерӯи дарёии сипоҳ барои тавқифи нафткаши англисӣ дар Халиҷи Форсро такзиб кард.
-
Jul 11, 2019
Пажӯҳишгари амрикоӣ ҳушдор дод, иқдоми эҳтимолии Амрико ва Бритониё барои эъзоми киштии ҷангӣ ба Халиҷи Форс мӯҷиби афзоиши мушкилоти минтақа мешавад.
-
Jul 11, 2019
Донишманди тоҷик муқими Қазоқистон муътақид аст барои зинда мондан ва ҳифзи забони форсӣ-тоҷикӣ дар Бухоро ба ҳимояти давлати Узбакистон ва эҳтимоми умуми тоҷикзабонон ба вижа фарҳехтагони ин кишвар ниёз аст.
-
Jul 11, 2019
Сафир ва намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена гуфт, нишасти вижаи Шурои ҳуккоми Ожони байналмилалии энержии атомӣ бидуни натиҷа барои Амрико поён ёфт.
-
Jul 10, 2019
Вазорати умури дохилии Русия дарёфти боҷ аз муҳоҷирони дорои иҷозаи иқомати муваққат ва доим дар ин кишварро хостор шудааст.
-
Jul 10, 2019
Устондори Хуросони Разавӣ кумакҳои байналмилалиро дар баробари ҳазинаҳои Эрон барои атбои хориҷӣ нокофӣ донист ва нақши фаъолтари Аврупоро дар кумак ба паноҳҷӯён хостор шуд.
-
Jul 10, 2019
Амрико ҳама талоши худро барои ба чолиш кашондани БарҶом бо иттиҳомсозӣ алайҳи Эрон бакор гирифтааст ва ҳар рӯз тарҳ ва иддеаи тозаеро матраҳ мекунад. Дар ҳамин росто, Шӯрои ҳуккоми Ожонси Байналмилалии Энерии Атомӣ (ОБЭА), имрӯз чаҳоршанбе ба дархости Амрико, ҷаласаи вижаеро дар бораи Эрон баргузор мекунад.
-
Jul 10, 2019
Амрико ба баҳонаи тазмини озодии киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз ва Бобулмандаб тасмим ба ташкили эътилофе низомӣ бо дигар кишварҳо гирифтааст.
-
Jul 09, 2019
Вазири омӯзиши Квебек (дар Канада) дар як паёми твиттерӣ барои тадриси Малола Юсуфзӣ дар шаҳри Квебек шартгузорӣ кард.