Ҷустуҷу
-
Aug 25, 2017
Як рӯзномаи англисӣ аз такопӯи гурӯҳи террористии ДИИШ барои интиқоли пулҳояш ба хориҷ аз манотиқи таҳти контроли худ дар Ироқу Сурия хабар дод.
-
Aug 24, 2017
Маркази муҳоҷироти Маскав барои когарони муҳоҷири хориҷӣ сафҳаи шахсиро роҳандозӣ кардааст, ки аз ин тариқ мутақозиёни кор дар ин кишвар метавонанд, бидуни ҳузур дар созмонҳои марбута мадорики худро такмил ва барои пардохти ҳазинаҳои муҷаввизи кор иқдом кунанд.
-
Aug 24, 2017
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар гоми созанда ва мусбати ҳамсоягон барои беҳбуд ва иртиқои равобит, ҳамвора истиқбол кардааст ва ба-дон арҷ мениҳад.
-
Aug 24, 2017
Қории Қуръоне, ки дар як маросими азодорӣ дар устони Ал Шарқияи Миср машғули тиловати Қуръон буд, дар поёни тиловаташ бо саҳнаи аҷибн рӯбарӯ шуд.
-
Aug 24, 2017
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар нишасти фавқуллодаи рӯзи 23 –уми август бо ислоҳи ду қонун, ҳозир шудани донишҷӯёнро бо мошини шахсӣ дар марказҳои омӯзишӣ мамнуъ ва бархе ҷаримаҳои ронандагиро афзоиш дод.
-
Aug 23, 2017
Бонки Рушди авруОсиё эълом кардааст, ки тадобири муваққат ва кӯтоҳмуддат барои ислоҳи авзои иқтисодии Тоҷикистон муҷиби афзоиши таваррум ва қимати маҳсулот дар ин кишвар хоҳад шуд.
-
Aug 22, 2017
Раиси Созмони энержии атомии Эрон бо ҳушдор ба Амрико дар бораи нақзи тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ), аз тавоноии ин созмон барои аз саргирии ғанисозии 20 дарсадии уран то ҳадди аксари панҷ рӯз дар сайти Фурду хабар дод.
-
Aug 22, 2017
Маркази муҳоҷиратии Маскав барои корбарони муҳоҷир саҳифаи шахсӣ роҳандозӣ кардааст.
-
Aug 22, 2017
Бидуни шак тағзияи (хурок) номуносиб яке аз омилҳое аст, ки дар ибтило ба бемориҳо таъсир дошта, ки аз ҷумлаи ин бемориҳо метавон ба нармии устухон (ба русӣ "рахит") ва иртиботи он бо тағзия ном бурд.
-
Aug 22, 2017
Ба гуфтаи наздикони Домулло Нӯъмонхони Истравшанӣ, дар ибтидо барои ӯ мувофиқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, аз 5 то 8 сол ҳукми зиндон таъйин кардаанд, вале ин ҳукм ба 3 сол коҳиш дода шуд. Аммо, бар асоси гуфтаи бастагон, иттиҳомашон ҳанӯз маълум нест.
-
Aug 22, 2017
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як амр тағйироти нав ба Кодекси этикаи хизматчиёни давлатиро қабул кардааст.
-
Aug 19, 2017
Давлати Туркманистон қонунеро ҷорӣ карда, ки бар асоси он афроде, ки дар балкони манзили худ либос паҳн кунанд, ҷарима мешаванд.
-
Aug 19, 2017
Муовини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, дар 10 рӯзи ахир аъзои коргурӯҳҳои вижаи таблиғи фарҳанги миллии бонувони тоҷик дар кӯчаҳову хиёбонҳои пойтахт бо беш аз 8 ҳазор бонуи боҳиҷоб гуфтугӯ кардаву аз онон хостаанд, ки аз либоси бегона даст бикашанд.
-
Aug 15, 2017
Баррасиҳо нишон медиҳад, ки коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, поинтарин мизони ҳуқуқ ва дастмуздро дар муқоиса бо ҳамтоёни худ аз дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дарёфт мекунанд.
-
Aug 14, 2017
Вазорати авқоф ва иршоди Яман аз исрори низоми Саудӣ барои ҷилавгирӣ аз вуруди яманиҳо ба Байтуллоҳулҳаром барои сеюмин соли паёпай хабар дод.
-
Aug 14, 2017
Пас аз ду сол таъхир дар имзои тавофуқномаи транзитии “Тоҷикистон-Афғонистон- Покистон”, музокирот барои густариши мубодилоти молӣ ва колоии байни ин кишварҳо аз сар гирифта шуд.
-
Aug 14, 2017
Муовини вазири Ҳаҷи Арабистон бар пойбандии кишвараш ба ироаи хадамоти муносиб ба зоирони эронӣ таъкид кард.
-
Aug 12, 2017
Дар чорчӯби шиддат ёфтани мубориза бо афроди хилофкор ба далели нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, давлат тарҳеро барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар ироа кардааст, ки афзоиши ҷаримаи молии шаҳрвандони муқассирро мадди назар дорад.
-
Aug 10, 2017
Вазорати дифои Кореяи Шимолӣ эълом кард, тарҳи ҳамла ба ҷазираи Гуам, ки таҳти тасаллути Амрико аст, дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст.
-
Aug 10, 2017
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вазорати хориҷа ва сардори Хадамоти гумруки ин кишвар дастур додааст, ки «Ёддошти тафоҳум барои амалӣ намудани Созишномаи дутарафа дар бораи ёрии байниҳамдигарии идорӣ оиди иҷрои дурусти қонунгузории гумрукӣ”-ро иҷроӣ кунанд.