Ҷустуҷу
-
Jan 30, 2017
Саранҷом пас аз 25 сол, тилисми фурӯши билет барои сафари ҳавоӣ дар масири душанбе - Тошканд шикаста шуд.
-
Jan 26, 2017
Дар ҳоле ки бархе аз манобеи хабарию таҳлилӣ аз таҷаммӯи гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар шимоли Афғонистон пас аз шикаст дар Сурия ва Ироқ хабар медиҳанд, мақомоти тоҷик иддао мекунанд, бо тадобири онҳо Тоҷикистон аз газанди террористҳо дар амон мондааст.
-
Jan 26, 2017
Туркманистон барои гуфтугӯ дар масъалаи газ бо Эрон эъломи омодагӣ кард.
-
Jan 26, 2017
Шарофиддин Имомов- сафири Тоҷикистон дар Кобул, бо Салоҳиддин Раббонӣ- вазири умури хориҷаи Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Jan 25, 2017
Бонки тавсеаи Осиё эълом кард, дар сурате 50 миллион доллар кумаки дархостии Тоҷикистонро пардохт хоҳад кард, ки душанбе 13 шарти ин бонк ба хусус афзоиши нархи барқро иҷро кунад.
-
Jan 25, 2017
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Арабистон дар Риёз ба сар мебарад, сармоягузории ин кишварро дар сохти неругоҳи барқи обии Роғун хостор шудааст.
-
Jan 25, 2017
Раиси Созмони давлатии замин ва обёрии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ин кишвар барои кишти заминҳои нав ба миллионҳо доллар сармоя ниёз дорад.
-
Jan 24, 2017
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ хост то дар нерӯгоҳи обии “Роғун” сармоягузорӣ кунад.
-
Jan 23, 2017
Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон гуфт, Эрон метавонад ба яке аз қудратҳои бузурги сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон табдил шавад.
-
Jan 23, 2017
Коршиносон ва соҳибназарони ширкаткунандаи дар Иҷлоси гуфтугӯҳои фарҳангии Эрон ва ҷаҳони араб дар Машҳад, бар лузуми иртибот ва гуфтугӯҳои мустамар, тарвиҷ ва омӯзиши забони форсӣ ва арабӣ дар кишварҳои минтақа таъкид карданд.
-
Jan 23, 2017
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, арзёбии изҳороти раисиҷумҳури ҷадиди Амрико дар бораи “исломҳаросӣ”, ниёзманди замон аст.
-
Jan 21, 2017
Тоҷикистон аз ЮНЕСКО хостааст, ки гулдӯзии чакан, бозии қадимии чавгон ва матои атласро дар “Феҳрасти мероси ҷаҳонӣ”-и ин созмон сабт кунад.
-
Jan 21, 2017
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар витлояти Суғд, ду сокини ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар созмони ифротии Ҳаракати исломии Узбакистон ба зиндон маҳкум кард.
-
Jan 19, 2017
Дар соли 2016 мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон 204 шаҳрванди хориҷиро ба далели нақзи муқаррароти будубош дар ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари хориҷиҳои машғули кор дар Тоҷикистонро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.
-
Jan 18, 2017
Муовини вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ҷумҳурии исломии Эрон дар як соле, ки аз иҷрои тавофуқи ҳастаӣ гузашта, бо бадаҳдии амрикоиҳо муқобила кардааст.
-
Jan 18, 2017
Яке аз гурӯҳҳои вобаста ба ДИИШ дар Сурия, ба вакилон ва фориғултаҳсилони ҳуқуқ дар манотиқи ҳумаи Даръо 10 рӯз барои тавба аз таҳсилоти худ муҳлат дод.
-
Jan 18, 2017
Муовини Кумитаи давлатии гумруки Тоҷикистон муътақид аст, ки ин кишвар барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё шитоб нахоҳад кард.
-
Jan 17, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ дар гузориши вижаи худ ба мавзуи талоши ҳукумати Тоҷикистон барои тақвияти кори бонкҳои дучори мушкилшуда дар ин кишвар пардохтааст.
-
Jan 17, 2017
Раиси Фарҳангистони забону адабиёти форсӣ гуфт: Ин фарҳангистон дар 20 соли гузашта муваффақ шудааст, 50 ҳазор муодили форсӣ барои истилоҳоти бегона тасвиб кунад ва ба сармояи забони форсӣ биафзояд.
-
Jan 17, 2017
Кремл рӯзи душанбе пешниҳоди Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико барои коҳиши таслиҳоти ҳастаии Маскав дар ивази лағви таҳримҳои зиддирусиро рад кард.