Ҷустуҷу
-
Feb 24, 2019
Додситони Зоҳидон, маркази устони Сиистон ва Балучистон дар ҷанубу шарқи Эрон, аз дастгирии 13 нафар дар иртибот бо ҳамлаи террористии меҳвари Хош – Зоҳидон хабар дод.
-
Feb 22, 2019
Вазири умури хориҷаи Покистон гуфт: Исломобод дар хусуси пайгирии ҳамлаи террористии ахир дар ҷодаи Хош - Зоҳидони устони Сиистон ва Балучистони Эрон омодаи ҳар гуна ҳамкорӣ бо ин кишвар аст.
-
Feb 22, 2019
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба ҳамлаи террористии Сиистон ва Балучистон дар ҷанубу шарқи Эрон таъкид кард: Барои Эрон қобили қабул нест сарзамини як кишвари исломии ҳамсоя ба пойгоҳе барои тарбияти муздурони террорист табдил шавад.
-
Feb 22, 2019
Вазорати иттилооти Эрон эълом кард: Ду тими террористии вобаста ба гурӯҳи ДИИШ дар устони Курдистон дар ғарби Эрон шиносоӣ ва дастгир шуданд.
-
Feb 21, 2019
Раиси кулли Додгустарии устони Сиистон ва Балучистон (ҷанубушарқи Эрон), гуфт, бо талошҳои нерӯҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятии ин устон токунун ҳашт муттаҳам дар иртибот бо ҳамлаи террористии ҷодаи Хош - Зоҳидон дастгир шудаанд.
-
Feb 20, 2019
Ҳамкорамон Ғафурӣ дар гузорише вижа ба ин мавзуъ пардохтааст:
-
Feb 20, 2019
Раисҷумҳури исломии Эрон, иқдоми Амрико дар иръоб ва эъмоли фишор ба бонкҳо ва ширкатҳо барои ҳамкорӣ бо Эронро террористӣ хонд.
-
Feb 18, 2019
Равобити умумии кулли сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе аз шиносоӣ ва аз ҳам пошондани хонаҳои тимии авомили ҷинояти террористии Систон ва Балучистон, ҷануби шарқи Эрон хабар дод.
-
Feb 17, 2019
Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт: Давлати Покистон ба далели ин ки гурӯҳаки террористии "Ҷайшуззулм" аз он кишвар ҳамла ба Сиистон ва Балучистон, ҷанубу шарқи Эронро тарроҳӣ ва иҷро кардааст, бояд посухгӯ бошад.
-
Feb 17, 2019
Пайкари 27 шаҳиди ҳамлаи террористии Сиистон ва Балучистон, ҷанубу шарқи Эрон, рӯзи шанбе дар шаҳри Исфаҳон (маркази Эрон) ташйиъ шуд.
-
Feb 15, 2019
Дар ҷараёни мизи гирди сиёсӣ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон эълом шуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар амри ҷилавгирӣ аз рушди терроризм ва ифротгарӣ мувафақияте надоштаанд.
-
Feb 15, 2019
Венесуэла ҳамлаи террористии ҷанубу шарқи Эронро, ки ба шаҳодати шуморе аз марзбонони ин кишвар мунҷар шуд, ба шиддат маҳкум кард.
-
Feb 15, 2019
Сафорати Туркия дар Теҳрон, дар паёме бо маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ дар устони Сиистон ва Балучистон, ҷанубу шарқи Эрон, таъкид кард: Туркия дар мубориза бо терроризм дар канори миллат ва давлати дӯст ва бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад монд.
-
Feb 15, 2019
Сафорати Испания дар Теҳрон дар паёме зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои шуҳадои ҳамлаи террористии зоҳидон, ин ҳамларо ба шиддат маҳкум кард.
-
Feb 14, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон терроризмро аз муҳиммтарин муъзалоти минтақаи Ховари Миёна унвон кард ва гуфт, мубориза бо падидаи шуми терроризм ниёзманди ҳамкории ҳамаи кишварҳо аст.
-
Feb 14, 2019
Вазири дифои Эрон гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз террористҳо ва ҳомиёни онҳо интиқоми сахте хоҳанд гирифт.
-
Feb 14, 2019
Вазорати хориҷаи Полша дар вокуниш ба ҳамлаи террористии ҷануби шарқи Эрон ва паёми твиттерии вазири хориҷаи ин кишвар дар бораи он муддаӣ шуд, ки Варшава терроризмро дар ҳар шакле маҳкум мекунад.
-
Feb 14, 2019
Муовини ҳамоҳангкунандаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Омилони ҳамлаи террористии Систон ва Балучистон монанди қабл ҷавоби сахте аз посдорони инқилоби исломӣ дарёфт мекунанд.
-
Feb 14, 2019
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон чаҳоршанбешаб ҳамлаи террористи вилояти Систону Балучистонро маҳкум кард ва изҳор дошт, инки Эрон дуруст дар ҳамон рӯзи баргузории нишасти Варшава ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор мегирад, тасодуфӣ (берабт) нест.
-
Feb 14, 2019
Қароргоҳи Қудси нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ чаҳоршанбе шаб дар иттилоияе аз шаҳодати 27 нафар ва захмӣ шудани 13 тан дар ҳамлаи террористии устони Систон ва Балучистони, ҷануби шарқи Эрон хабар дод.