Ҷустуҷу
-
Apr 04, 2019
Равобити Амрико ва Туркия дар се соли ахир, яъне пас аз кудатои нофарҷоми 15 июли 2016 дучори танишҳои зиёде шудааст. Бо рӯйи кор омадани Доналд Трамп ба унвони раисҷумҳури Амрико дар 20 январи 2017, мақомоти аршади Туркия умедвор буданд, ки давраи ҷадиде дар равобити Амрико ва Туркия ба вуҷуд хоҳад омад, аммо дар амал ихтилофоти ду кишвар ба шиддат ташдид шудааст.
-
Mar 31, 2019
Раиси ҷумҳурии Амрико бори дигар хостори муқобила бо вуруди муҳоҷирон аз марзи Мексика шуд.
-
Mar 27, 2019
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон иқдоми раисҷумҳури Амрико дар ба расмият шинохтани Ҷавлон ба унвони заминҳои таҳти ҳокимияти режими саҳюнистиро иҳонат ба кишварҳои ҷаҳони Ислом ва кишварҳои ҷаҳони араб донист.
-
Mar 25, 2019
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид Кореяи Шимолиро аз таҳрими кумакҳои башардӯстона муоф кард.
-
Mar 25, 2019
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кард, алайҳи Кабир Кабиров, писари молик ва роҳбари бозори "Султони Кабир” бар асоси қисми сеюми моддаи 212-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду нафар шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.
-
Mar 23, 2019
Давлати Амрико дар тозатарин Эронситезии худ номи 31 шахси ҳақиқӣ ва ҳуқуқии ин кишварро ба рӯйхатти таҳримҳо изофа кард.
-
Mar 21, 2019
Камисери олии Ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид бори дигар аз таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Венесуэла ба вижа муҷозотҳои амрикоӣ интиқод кард.
-
Mar 17, 2019
Раиси ҷумҳурии Туркия гуфт: Рушд ва пешрафти кишварҳои исломӣ аз ҷумла Туркия барои пасмондаҳои ҷангҳои салибӣ ғайри қобили пазириш аст.
-
Mar 15, 2019
Вазири хориҷаи Эрон бо муқассир донистани сиёсатҳои зиддиисломии Ғарб дар ҳамлаи террористии Зеландияи Нав, хостори поён ёфтани дифои ғарбиҳо аз сиёҳнамоӣ алайҳи мусулмонон шуд.
-
Mar 13, 2019
Оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи бузурги мусалмонони ҷаҳон зӯҳри имрӯз дар дидори Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Наҷафи Ашраф, бо истиқбол аз тавсеаи равобити Ироқ бо ҳамсоягон, аз нақши “дӯстон” –и ин кишвар дар ғалаба бар террористҳои ДИИШ қадрдонӣ кард.
-
Mar 12, 2019
Иқдомоти харобкоронаи Вашингтон алайҳи Венесуэла барои сарнагунии давлати чапгарои Николас Мадуро, раисҷумҳури ин кишвар ҳамчунон идома дорад.
-
Mar 10, 2019
Нерӯҳои артиши Яман шуморе аз муздурони Саудиро дар Алҷавф ба ҳалокат расонданд.
-
Mar 10, 2019
Ҳуқуқи башар ба нуқтаи заъфи Арабистони Саудӣ табдил шуд, ки савдои қудратёбии Муҳаммад ибни Салмонро низ тазъиф кардааст.
-
Mar 08, 2019
Маҷлиси намояндагони Амрико дар идомаи фишорҳои сиёсӣ бар намояндаи мусулмони мунтақиди лобии саҳюнистӣ, қатъномае алайҳи вай тасвиб кард.
-
Mar 05, 2019
Сафири Русия дар Амрико эълом кард, ки кишвараш се миллион мавриди ҳамлаи сайберӣ аз хоки Амрико саб кардааст.
-
Feb 24, 2019
Маркази ҳуқуқи башари Фаластин "Мизон" шанбешаб эълом кард, аз оғози роҳпаймоии “Ҳаққи бозгашт” дар борикаи Ғазза то кунун 267 фаластинӣ ба шаҳодат расидааст.
-
Feb 16, 2019
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти режими саҳюнистӣ хост то маҳдудиятҳо алайҳи озодии ҳамлунақл ва нақли макони мардуми Фаластинро лағв ё бекор кунад.
-
Jan 31, 2019
Бо оғози даври ҷадиди таҳаввулоти сиёсӣ дар Венесуэла, Амрико талоши ошкореро ба манзури дахолат дар ин кишвари нафтхези Амрикои Лотин оғоз кардааст. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико зимни эъломи ҳимоят аз Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифони давлати Венесуэла ва барасмият шинохтани вай ба унвони раисҷумҳури ин кишвар, иқдомоти худ барои барандозии давлати чапгарои Венесуэла ва Николас Мадуро, раисҷумҳури қонунии ин кишварро шиддат бахшидааст.
-
Jan 28, 2019
Раисиҷумҳури Амрико дар такрор иддаоҳои худ, аз афзоиши ҳазинаҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ин кишвар хабар дод.
-
Jan 28, 2019
Амрико таҳримҳо зидди се ширкати русии муртабит бо як сармоядори Русияро лағв кард.