Ҷустуҷу
-
Aug 13, 2023
Раиси намояндагии вазорати умури хориҷаи Эрон дар Хуросони Разавӣ (шимоли шарқи Эрон) гуфт, консулгарии Арабистони Саудӣ дар Машҳади муқаддас ба сӯрати расмӣ фаъолияти худро дар яке аз меҳмонхонаҳои ин шаҳр оғоз кард.
-
Aug 13, 2023
Вазири омӯзиши олии ҳукумати Толибон дар дидори ҷамъе аз устодони донишгоҳҳои Афғонистон, гуфт, ки ин вазоратхона дарсадади таъсиси як донишгоҳи бузурги исломӣ аст.
-
Aug 13, 2023
Пойгоҳи низомии ишғолгарони амрикоӣ дар шарқи Сурия бори дигар ҳадафи ҳамлаи рокети қарор гирифт.
-
Aug 13, 2023
Раиси созмони энержи атмоии Ҷумҳурии Исломии Эрон бар идомаи пешрафтҳои Эрон дар бахши санъати ҳастаӣ таъкид кард.
-
Aug 13, 2023
Вазорати хориҷаи Сурия аз ташдиди таҳарукот ва ҷиноёти ҷадиди Амрико дар ин кишвар хабар дод.
-
Aug 13, 2023
Раиси кулли бонки марказии Эрон аз озодсозии ҳамаи манобеъи арзии Эрон дар Кореи Ҷанубӣ хабардоду гуфт: Ин манобеъ ба сурати пардохти бонки ҷиҳати хариди колоҳои ғайритаҳрими истифода мешавад.
-
Aug 13, 2023
Муовини нахуствазир ва вазири саноат ва тиҷорати Русия дар мавриди роҳи густариши ҳамкориҳои бозаргонӣ бо муовини нахуствазири Узбакистон гуфтугу карданд.
-
Aug 12, 2023
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, илова бар истимрори фароянди хунсосозии таҳримҳои ғайриқонӯнӣ, ҳечгоҳ масири музокира ва дипломасӣ тарк нашуд ва талошҳо то касби натоиҷи ниҳоӣ ва эҳқоқи комили ҳуқуқи Эрон идома дорад.
-
Aug 12, 2023
Сухангӯи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт, нерӯи заминии сипоҳ барои барқарории амният ҳамвора чанд гом ҷилавтар аз тарроҳони эҷоди ноамнӣ аст.
-
Aug 12, 2023
Ихтилофоти дарунии кобинаи Бинямин Натаняҳу дар бахши амнияти ташдид шуд ва ба мавзеъгирии ошкори вазирони кобина зидди ҳам расида аст.
-
Aug 12, 2023
Бархе манобе аз ҳамлаи ракетӣ ба пойгоҳи Амрико дар шарқи Сурия хабар доданд.
-
Aug 12, 2023
Дороиҳои бузургтарин бонки Тоҷикистон " Амонатбанк " дар нимаи аввали соли ҷорӣ афзоиш ёфт ва ба 6.6 миллиард сомонӣ расид.
-
Aug 12, 2023
Раиси маҷлиси Сенати Узбекистон бо раиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, вазири умӯри хориҷаи Мақдунияи шимолӣ дидору гуфтугу кард.
-
Aug 11, 2023
Полиси Амрико фардеро, ки ба сӯрат онлайн гуфта буд, дар замони боздиди Байден аз иёлати Юта бояд туфанги тактирандози худро бардорад, бо шиллики мустақим кушт.
-
Aug 11, 2023
Автобуси ҳомили низомиёни артиши Сурия дар устони Дайруззур ҳадафи ҳамлаи террористҳои ДИИШ қарор гирифт.
-
Aug 11, 2023
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни инки Инқилоби исломӣ ҳуввияти худро аз мадрасаи Ошуро дорад таъкид кард, агар Ошуро набуд, Инқилоби исломӣ набуд.
-
Aug 11, 2023
Муовини фарҳангӣ ва таблиғоти дифоии Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт : Қудрати дифоии Эрон ба халиҷи Форсу баҳри Уммон маҳдуд намешавад,балки сатҳи иқтидори дифоии Ҷумҳурии исломӣ дар сатҳи байналмиллалӣ аст.
-
Aug 10, 2023
Раиси ҷумҳӯри Амрико фармони иҷроиро имзо кард, ки бар асоси он сармоягузориҳои хоси Иёлоти Муттаҳида дар ширкатҳои фанновариҳои ҳассос дар Чин маҳдуд мешавад.
-
Aug 10, 2023
Тоҷикистон қасд дорад бо ифтитоҳи хонаҳои тиҷорат дар Русия, Қазоқистон, Туркия ва Арабистони саъӯдӣ фурсатҳои содиротии худро густариш диҳад.