Ҷустуҷу
-
Oct 02, 2018
Сафири Саудӣ дар Тоҷикистон аз сафари раиси Маркази хайрияи Малик Салмон ва мушовири Шӯрои салтанатии Саудӣ ба Тоҷикистон дар ояндаи наздик хабар дод.
-
Oct 02, 2018
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз 1 ноябр нархи нирӯи барқ барои аҳолӣ 15 дарсад боло бурда мешавад.
-
Oct 02, 2018
Як мақоми масъул дар ширкати ҳавопаймоии эронии Осмон иллати қатъи парвозҳои ин ширкат аз Эрон ба мақсади Тоҷикистонро ғайрисиёсӣ донист ва гузоришҳои мунташиршуда дар бораи сиёсӣ будани онро рад кард.
-
Oct 02, 2018
Хабаргузории “Евразия” навишт, бо таваҷҷуҳ ба пуррангтар шудани ҳузури фарзанди раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо сарони кишварҳо, бархе эҳтимоли канорагирии Эмомалӣ Раҳмон ва ҷойгузин намудани фарзандро пешбинӣ мекунанд.
-
Oct 02, 2018
Рӯзи 15 –уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии бахши хусусӣ бо суханронии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
-
Посухи Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ба иддаои сафири Афғонистон дар Русия
Oct 02, 2018Муовини раиси Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон иддаои сафири Афғонистон дар Русияро, ки аз вуҷуди мафияи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир дар Душанбе сухан гуфта буд, беасос донист.
-
Oct 02, 2018
Ҳамзамон бо обгирии садди нерӯгоҳи дар ҳоли сохти «Роғун», дар 23 ноҳияи Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст.
-
Oct 01, 2018
Кайфияти поини ироаи хадамот, набуди зерсохтҳои зарурӣ ва монеаҳои дигар, ки ба тавсеаи гардишгарӣ осеб мезанад, ниёз ба ҳалу фасл дорад, то рушди ин бахш таъмин шавад.
-
Oct 01, 2018
Дар ду рӯзи ахир дар пайи чанд садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон дасти кам 11 нафар ҷон бохтанд, ки чаҳор нафар аз онҳо кӯдак буданд.
-
Oct 01, 2018
Мақомоти Ширкати алюминиуми Тоҷикистон (ТАЛКО) мегӯянд: Мошинҳои боркаши ин ширкат аз ҳудуди як моҳ пеш дар вурудиҳои Туркманистон мутаваққиф шудаанд.
-
Oct 01, 2018
Мирзобек Шарипов, декани риштаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ синфхона ба синфхона гашта, ба духтароне, ки дар сар рӯймол ва дар тан либоси тоҷикӣ доштанд, ҳушдор додааст, ки ё либоси аврупоӣ бипӯшанд ваё аз донишгоҳ ихроҷ хоҳанд шуд. "Инҷо шаҳр аст, на қишлоқ. Мисли кампирҳои 70-сола эзор пӯшидаед,”- таъна задааст декан ба духтарони донишҷӯ.
-
Oct 01, 2018
Рӯзҳои 6-10 октябри соли равон дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Русия рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия баргузор мегарданд.
-
Sep 30, 2018
Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои тарҳе 24 гектар заминро барои сохти корхонаи тавлиди маводи тарканда дар Данғара ихтисос дод.
-
Sep 30, 2018
Расонаҳои тоҷикӣ аз бозгашти довталабонаи яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ба кишвараш ва афви ӯ хабар додаанд.
-
Sep 30, 2018
Кормандони Кумитаи давлатии гумруки Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон хабар додаанд, ки маводи мухаддирро дар дохили асбобҳои мусиқӣ ҷосозӣ карда буд.
-
Sep 29, 2018
Марҳалаи дуввуми корхонаи муштараки тавлиди тракторҳои Беларус бо ҳузури раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус, дар шаҳари Ҳисори Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ расид.
-
Sep 29, 2018
Дар поёни нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), раёсати ин иттиҳодия аз Тоҷикистон ба Туркманистон мунтақил шуд.
-
Sep 29, 2018
Як вакили мудофеъ ва корманди ширкати хадамоти ҳуқуқии “Кафолат” (собиқ Сипар) аз раиси Иттиҳоди вакилони мудофеи Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шикоят кардааст.