Ҷустуҷу
-
Jul 01, 2017
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон раис ва муовинони Кумитаи тозатаъсиси гардишгарӣ дар ин кишварро таъйин кард.
-
Jul 01, 2017
Мақомоти Вазорати саноат ва фановариҳои нави Тоҷикистон аз афзоиш 81 ҳазор тон тавлиди ангишт дар нимаи нахусти имсол дар ин кишвар хабар додаанд.
-
Jul 01, 2017
Сохти бузургтарин корхонаи семент дар ноҳияи Қубодиён дар вилояти Хатлон бо мушорикати молӣ ва фаннии ширкатҳои чинӣ ва “Ориёнбонк”-и Тоҷикистон ба зудӣ оғоз мешавад.
-
Jul 01, 2017
Дафтари пешини намояндагии Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон аз аввали июл бо ном ва ҷойгоҳи ҷадиде дар ин кишвар фаъолияти худро оғоз мекунад.
-
Jul 01, 2017
Бонки миллии Тоҷикистон аз оғози фурӯши амволи ду бонки буҳронзадаи ин кишвар –“Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” хабар дод.
-
Jun 30, 2017
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба иттифоқи ороъ ҳаққи вуруди бидуни иҷозаи нерӯҳои амниятиро ба хонаҳои мардум лағв кард.
-
Jun 30, 2017
Парлумони Тоҷикистон Қонуни маофият аз пардохти боҷи гумрукиро барои воридоти ҷавоҳирот то поён соли 2017 тамдид кард.
-
Jun 29, 2017
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ин кишвар дар мавриди густариши вируси мухарриби “Petya”, дар шабакаҳои роёнаии ин кишвар ҳушдор дод.
-
Jun 29, 2017
Маҷлисҳои маҳалӣ дар вилояти Хатлон бо тасвиби қарорҳое аз тағйири номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанд ва ноҳияи Бохтар пуштибонӣ карданд.
-
Jun 29, 2017
Аввалин амали пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон ба ҳиммати пизишкони ин кишвар бо муваффақият анҷом шуд.
-
Jun 29, 2017
Нахустин бор пас аз 19 сол вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Узбакистон дар нишасти муштарак, чашмандози ҳамкори ниҳодҳои интизомии ду кишварро баррасӣ карданд.
-
Jun 28, 2017
Вазири равобити иқтисодии хориҷӣ ва умури хориҷии Маҷористон ба Душанбе сафар ва бо ҳамтои тоҷикаш дидору гуфтугӯ кардааст.
-
Jun 27, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ. Маросими таҷлил аз Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Ваҳдат бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар баргузор шуд.
-
Jun 25, 2017
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрики худ ба мардуми ин кишвар ба муносибати иди Саиди Фитр ба мавзуи сарфаҷуӣ ва парҳез аз исроф дар суфраороии ид таъкиди бисёр кардааст.
-
Jun 25, 2017
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фарорасидани иди саиди Фитрро ба шаҳрвандони ин кишвар табрик гуфт.
-
Jun 24, 2017
Ҳамоиши байналмилалии "Мероси Рамазон дар Хуросон, Афғонистон ва Тоҷикистон" сентябри соли ҷорӣ дар Турбати Ҷом, воқеъ дар Хуросони Разавӣ баргузор мешавад.
-
Jun 24, 2017
Туркия барои таҷлил аз Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар Душанбе барномаҳои фарҳангӣ баргузор мекунад.
-
Jun 24, 2017
Ба муносибати таҷлил аз бистумин солгарди Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар шаҳри Душанбе, “Конфронси ҷумҳурӣ” дар сохтмони Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Jun 24, 2017
Давлати Тоҷикистон қасд дорад аз тариқи баҳрабардорӣ аз манотиқи озоди иқтисодӣ, содироти коло ва хадамотро то 20 дарсад афзоиш диҳад.