Ҷустуҷу
-
Aug 02, 2016
Вазири нақлиёти Тоҷикистон эълом кард, давлати Туркманистон дар мавриди пешниҳоди Душанбе барои тағйири масири роҳи оҳани минтақаӣ миёни Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон ҳанӯз посухе надодааст.
-
Aug 01, 2016
Дар ҳузури раисони ҷумҳурии Индонезия ва Тоҷикистон чанд санади ҳамкорӣ, миёни мақомҳои ду кишвар ба имзо расид.
-
Aug 01, 2016
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар нишасти хабарӣ, дар мавриди нақзи меъёрҳои забони давлатӣ ба хабарнигорони ин кишвар ҳушдор дод.
-
Aug 01, 2016
Ба гузориши хабаргузории Азия плюс, Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз (душанбе), дар нишасти хабарӣ гуфт, такмили нақби Истиқлол ва насби таҷҳизоти рӯшноидиҳанда, ҳавософкун ва таъмини низоми зидди сӯхтор дар нақб ва воситаҳои иловагӣ заруранд.
-
Aug 01, 2016
Ба гуфтаи мақомоти давлатӣ дар устони Тахори Афғонистон, бо суқути бахшҳое аз фармондории Хоҷағор, гурӯҳи Толибон ба марзи вилояти хатлони Тоҷикистон наздик мешаванд.
-
Jul 31, 2016
Дар Тоҷикистон набудани омори дақиқ аз шумори бекорон, барномарезии давлатро ба мушкил мувоҷеҳ кардааст ва мақомоти ин кишвар ба фикри ҳалли ин мавзӯъ ҳастанд.
-
Jul 31, 2016
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, якшанбе, 31 июл вориди Ҷакарта, пойтахти Индонезия шуд то дар дувоздаҳумин ҳамоиши байналмилалии иқтисодии исломӣ дар Ҷакарта ширкат кунад.
-
Jul 31, 2016
Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, ки барои муйаян кардани сатҳи бекорӣ дар ин кишвар дар соли ҷорӣ таҳқиқоти тозаеро шурӯъ кардааст.
-
Jul 31, 2016
Пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба яке аз мавзӯҳои умдаи нишастҳои расмиву коршиносии Русия ва Тоҷикистон табдил шудааст.
-
Jul 31, 2016
Тайи солҳои ахир мизони мутақозиёни сафар ва интиқоли бор тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон ба шиддат коҳиш ёфта ва роҳи оҳани ин кишвар акнун ба як созмони зиёндеҳ, табдил шудааст.
-
Jul 30, 2016
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз вайрон шудани чандин хона ва маркази тиҷорӣ дар пайи сели ахир, дар шимолу шарқи ин кишвар хабар дод.
-
Jul 28, 2016
Раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон гуфтааст, ки бо афзоиши тавлиди дохилӣ рушду коҳиши воридоти маҳсулоти ғизоӣ, шохисҳои иқтисодӣ дар ин ҷумҳурӣ иртиқо ёфта, рушди иқтисодӣ низ ба 6,6 фисад расидааст.
-
Jul 28, 2016
Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз таъсироти буҳрони молии ҷаҳонӣ иқтисоди ин кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ рушди мусбат доштааст.
-
Jul 28, 2016
Дафтари матбуотии Артиши Русия аз баргузории размоиши 40 рӯзаи зиддиҳавоии Русия дар Тоҷикистон ва бахшҳое аз хоки Русия хабар дод.
-
Jul 28, 2016
Артиши Русия бо ҳузури беш аз 800 воҳиди низомӣ дар муддати 40 рӯз дар бахшҳое аз хоки ин кишвар ва низ Тоҷикистон размоиши зиддиҳавоӣ баргузор мекунад.
-
Jul 28, 2016
Раиси Созмони ҳавопаймоии Эрон дар дидор бо сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бар асоси тафоҳумномаи мавҷуд барои афзоиши парвозҳо миёни ширкатҳои ду кишвар мувофиқат кард.
-
Jul 28, 2016
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳузури 22 нафар аз сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ дар даргириҳои Сурия ва Ироқ ибрози нигаронӣ кард.
-
Jul 27, 2016
Вазири адлияи Тоҷикистон аз баррасии мавзуи фаъолияти Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар додгоҳи ин кишвар хабар дод.
-
Jul 27, 2016
Раиси сабти иттиҳодияҳои иҷтимоӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати додгустарии Тоҷикистон аз идомаи фаъолияти муассисоти вобаста ба Гулен дар ин кишвар хабар додааст ва дар ҳамин ҳол вазири додгустарии Тоҷикистон ҳам гуфта, ки Туркия барои бастани ниҳодҳои вобаста ба Гулен дар Тоҷикистон ҳеч дархосте ироа накардааст.
-
Jul 27, 2016
Пас аз гузашти муддате аз таътили дафтари Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Тоҷикистон, вазири додгустарии ин кишвар эълом кард: "Фаъолияти ин ниҳод ба далели нақзи муқаррароти Тоҷикистон ба таври муваққат мутаваққиф шуда ва мавзӯъ дар додгоҳ дар ҳоли баррасӣ аст".