Ҷустуҷу
-
Apr 09, 2018
Русия аз ҳалли ихтилофоти Тоҷикистон ва Русия дар парвозҳо хабар дод.
-
Apr 09, 2018
Вазирони хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар Маскав дидор ва бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар таъкид карданд.
-
Apr 09, 2018
Дар ҷарёни мусобиқаи ушу-санда дар шаҳри Якутск, пойтахти ҷумҳурии Саха-Ёқутистони Русия дар пайи пирӯзии як варзишгари тоҷик бар варзишгари маҳаллӣ байни мухлисони тоҷик ва тамошобинони маҳаллӣ занозанӣ сурат гирифт.
-
Apr 08, 2018
Вазорати хориҷаи Русия, иддаои ҳамлаи химиявии нерӯҳои давлати Сурия дар шаҳри Дума, наздики Димишқро нодуруст хонд.
-
Apr 08, 2018
Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии куштии озоди соли ҷорӣ, бидуни ҳузури Эрон ва Русия, тимҳои қудратманде, ки ба думболи шикасти тими Амрико буданд, дар рӯзҳои ҳафтум ва ҳаштуми апрел дари шаҳри Айоваи Амрико оғоз шуд.
-
Apr 07, 2018
Вазорати хориҷаи Русия ҷумъа шаб дар вокуниш ба таҳримҳои ҷадиди Амрико зидди Русия дар баёнияе эълом кард, ки Маскав ба таҳримҳои ҷадиди Амрико ва ҳаргуна иқдоме, ки дар оянда алайҳи Русия сурат гирад, посухи қотеъ хоҳад дод.
-
Apr 07, 2018
Бар асари оташсӯзӣ дар сохтмони маскунӣ дар шаҳри Уссурииски Русия шаш нафар ҷон бохтанд.
-
Apr 07, 2018
Сухангӯи Вазорати нақлиёти Русия аз бардошта шудани тамоми маҳдудиятҳои парвозӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон дар музокироти ахири ҳайатҳои ду тараф дар Маскав хабар дод.
-
Apr 05, 2018
Вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, Маскав ва Пекин мухолифи бозбинии тавофуқи ҳастаӣ, миёни Эрон ва гурӯҳи 5+1 ҳастанд.
-
Apr 05, 2018
теъдоде аз намояндагони маҷлиси Думаи Русия ангуштнигории илзомӣ аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишвар ва шиддат ёфтани назорат бар фаолияти ин афродро хостор шудаанд.
-
Apr 05, 2018
Вазорати нақлиёти Русия аз ҳалли ихтилофи парвозии ахир миёни ин кишвар ва Тоҷикистон дар пайи музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар Маскав хабар дод.
-
Apr 04, 2018
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияе аз авҷ гирифтани ихтилофоти байни ниҳодҳои ҳавоии кишвар ва Русия ибрози нигаронӣ кард.
-
Apr 04, 2018
Нишасти сарони ҷумҳурии исломии Эрон, Русия ва Туркия дар Анкара бо интишори баёнияи муштарак ва таъкид бар идомаи талоши се кишвар барои ҳалли буҳрони Сурия поён ёфт.
-
Apr 04, 2018
Руасои ҷумҳури Туркия, Русия ва Эрон дар даври ҷадиди музокироти сеҷониба бо меҳварияти Сурия ва ба мизбонии Раҷаб Тайиб Эрдуғон имрӯз чаҳоршанбе дар Анкара гирди ҳам омаданд.
-
Apr 04, 2018
Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бар идомаи ҳамкории Теҳрон ва Маскав то нобудии комили терроризм дар Сурия таъкид кард.
-
Apr 04, 2018
Муовини пешини раиси идораи зиндонҳои Русия гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бештарин шумори зиндониёнро дар ин кишвар ташкил медиҳанд.
-
Apr 03, 2018
Максим Иванов, яке аз намояндагони парлумони Русия пешниҳод кардааст, ки тамоми муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар навъе аз дастбанди электронӣ ҳамл кунанд, ки тамоми иттилооти марбут ба муҳоҷир дар он сабт шуда бошад. Тарҳи ин мавзӯъ бо вокунишҳое мувоҷеҳ аст.
-
Apr 03, 2018
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар баёнияе фишори Русия ба ширкатҳои ҳавоии тоҷикро ғайрисозанда ва музир унвон кард.
-
Apr 03, 2018
Вазорати нақлиёти Русия эълон кард, ки аз 5 апрел бар иловаи таҳримоти қаблӣ, 5 парвози ширкати "Тоҷик Эйр” ва 4 парвози ширкати "Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе- Маскав, ҳамчунин парвози ин ду ширкати тоҷикӣ дар хатсайрҳои Новосибирск – Хуҷанд ва Новосибирск – Душанберо қатъ мекунад.
-
Apr 02, 2018
Раиси Ожонси ҳавонавардии Тоҷикистон бо ишора ба авҷ гирифтани ихтилофоти ҳавоии ин кишвар бо Русия гуфт, як ҳайат барои ҳалли ин мушкилот озими Маскав, пойтахти Русия мешавад.