Ҷустуҷу
-
Apr 12, 2017
Ба дунболи ҷорӣ шудани тағйирот дар Қонуни хадамоти давлатии Тоҷикистон як коршинос гуфт, бештари персонали ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тобеияти Русияро доранд ва то ба ҳол ҳеч мавриде аз инсироф аз тобеияти дувум ба сабт нарасидааст.
-
Apr 12, 2017
Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон эълом карданд, бо вуҷуди музокироти дурӯзаи ҳайатҳое аз идороти ҳавопаймоии кишварии ин ҷумҳурӣ ва Русия дар Маскав барои поён додан ба ихтилофоти парвозии ахир, ҳанӯз ҳам тарафҳо ба тавофуқ нарасидаанд.
-
Apr 11, 2017
Ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон билохира аз имрӯз, сешанбе парвозҳои худро ба пойтахи Тоҷикистон оғоз кард.
-
Apr 11, 2017
Парвозҳои Узбакистону Тоҷикистон пас аз 25 соли вақфа аз сар гирифта шуданд.
-
Apr 09, 2017
Тоҷикистон бо судури ҳудуди ду миллиону 600 ҳазор киловатт соат барқ ба Афғонистон, дар моҳи гузашта мизони содироти барқи тавлидии худро ба ин кишвар афзоиш дод.
-
Apr 08, 2017
Раисони ҷумҳурии Русияву Тоҷикистон ба муносибати биступанҷумин соли барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишвар ба якдигар паёмҳои табрикӣ ирсол карданд.
-
Apr 06, 2017
Мақомоти вазоратҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Узбакистон дар Тошканд, музокирот барои азсаргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ду кишварро пас аз 25 оғоз кардаанд.
-
Apr 06, 2017
Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон аз сафари ҳайате аз идораи ҳавопаймоии ин кишвар ба Русия барои гуфтугӯ дар поён додани ихтилофоти парвозӣ ба дархости ҷониби Русия хабар доданд.
-
Apr 05, 2017
Тоҷикистон ба тозагӣ бо пешниҳоди Русия барои судури парвозҳои Фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд мухолифат кардааст.
-
Apr 05, 2017
Ширкаткунандагон дар мизи гарди "Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё" дар Душанбе аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки ҳар чӣ зудтар барои пайвастан ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ иқдом кунад.
-
Apr 04, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ: Ихтилофи вазоратхонаҳои нақлиёти Русияву Тоҷикистон бар сари парвози ҳавопаймоҳо бо тасмими ахири тарафи тоҷик вориди марҳалаи ҳассосе шудааст.
-
Apr 04, 2017
Раисони ҷумҳури исломии Эрон ва Тоҷикистон кушта ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрванди Русияро дар инфиҷори террористии шаҳри Санкт-Петербург ба ҳамтои руси худ таслият гуфтанд.
-
Apr 04, 2017
Полиси Санкт-Петербурги Русия муҳандиси як ширкати сохтмониро ба иттиҳоми қатли як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт кардааст.
-
Apr 03, 2017
Беҳрӯзи Саидхоҷа: Дар идомаи ихтилофоти парвозӣ миёни Русия ва Тоҷикистон, Вазорати ҳамлу нақли Русия бо иддаои нақзи қарордоди ҳавоӣ, алайҳи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон, маҳдудият эъмол кард.
-
Mar 31, 2017
Беҳрӯзи Саидхоҷа: Давлати Покистон барои рафъи авоқиби ҳаводиси табиии ахир ва резиши тарма дар Тоҷикистон панҷ миллион доллар кумак ихтисос додааст.
-
Mar 31, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ: Бо вуҷуди аз саргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарии миёни Русия ва Тоҷикистон, вазири нақлиёти Русия гуфтааст, ки ҳануз ҳам бо мақомоти нақлиёти Тоҷикистон бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ дар фаслҳои баҳору тобистон ба тавофуқ нарасидаанд.
-
Mar 30, 2017
Бо вуҷуди азсаргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар миёни Русия ва Тоҷикистон вазири ҳамлу нақли Русия аз ҳал нашудани ихтилофи Маскав ва Душанбе дар ин замина хабар дод.
-
Mar 29, 2017
Ширкатҳои ироакунандаи хадамоти телефони ҳамроҳ ба шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор додаанд, ки агар то як моҳи дигар барои сабти дубораи шумораи телефонҳои худ иқдом накунанд, симкортҳои онҳоро қатъ хоҳанд кард.
-
Mar 29, 2017
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба мардум ҳушдор додааст, ки дар рузҳои наздик дар ин кишвар резиши боронҳои шадид, раъду барқ ва вазиши бодҳои қавӣ дар назар аст.