Ҷустуҷу
-
Sep 06, 2020
Шурои миллии беҳдошти рафтории Амрико эълом кард, ки 30 дарсад аз низомиёни эъзомшудаи ин кишвар ба Афғонистон ва Ироқ, дучори ихтилолоти равонӣ шудаанд.
-
Sep 06, 2020
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дархости Узбакистон барои гирифтани «вазъияти нозир» дар Иттиҳодияи АвруОсиё-ро баррасӣ мекунад.
-
Sep 06, 2020
Минои наққошӣ ҳунари нақш дар нақшу ранг дар ранг, имрӯз дар хостгоҳаш Исфаҳон маъруф ба нисфи ҷаҳон эҳё шудааст ва дар ҷаҳон ба он талабот бисёр аст.
-
Sep 06, 2020
Агар шумо гастрит дошта бошед, ин 4 одатро тарк кунед!
-
Sep 06, 2020
Дар шароите, ки токунун беш аз 35 ҳазор нафар дар Италия бар асари корона ҷони худро аз даст додаанд, ҳудуди ҳазор нафар дар пойтахти ин кишвар дар эътироз ба иҷборӣ шудани истифода аз ниқоб барои донишомӯзон дар мактабҳо тазаҳурот карданд.
-
Sep 06, 2020
Манбаъҳои ироқӣ шаби шанбе гузориш доданд, ки бомба дар роҳ ба сӯи корвони низомиёни амрикоӣ дар шоҳроҳи Шуълаи Бағдод таркид.
-
Sep 06, 2020
Дар даргириҳои ахир нерӯҳои амниятии Афғонистон бо гурӯҳи Толибон дар шаҳристони Қайсор, 47 узви ин гурӯҳ кушта ва 26 тани дигар захмӣ шуданд.
-
Sep 05, 2020
Вақтҳои охир бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва амнияти ин минтақаи Тоҷикистон ба таҳаввулоти Бадахшони Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шуд.
-
Sep 05, 2020
Русия номи чанд шохиси дигарро дар феҳристи таҳримҳои иқтисодии зидди Украина қарор дод.
-
Sep 05, 2020
Як мавриди фавти дигар бар асари бемории Ковид - 19 дар Тоҷикистон сабт шуд.
-
Sep 05, 2020
Натиҷаи як баррасии расонаӣ нишон медиҳад токунун ҳудуди 60 дар сад аз зиндониён озодшудаи Толибон ба майдонҳои ҷанг алайҳи давлати Кобул бозгаштаанд.
-
Sep 05, 2020
Дарҳои Каъба барои аввалинбор дар соли ҷадиди қамарӣ ҳамзамон бо нимаи моҳи муҳаррам бидуни ҳузури зоирон боз ва фазои дохили Каъба ва Масҷидулҳаром бо маводи муаттар ва оби Замзам шустушӯ шуд.
-
Sep 05, 2020
Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ, иддаои Амрикоро дар бораи таъсиси пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон бепоя ва беасос хонд.
-
Sep 05, 2020
Мушовири амнияти миллии Амрико бори дигар Эрон, Русия ва Чинро ба дахолат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико муттаҳам кард.
-
Sep 05, 2020
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Sep 05, 2020
Тавлиди гӯшти мурғ ва тухми мурғ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.
-
Sep 04, 2020
Созмони амнияти федерали Русия эълом кард, бо шиносоӣ ва боздошти бамавқеи 13 террористи хатарнок, аз куштори ҷамъе аз мардум дар манотиқи мухталифи Русия ҷилавгирӣ шуд.
-
Sep 04, 2020
Аҷибтарин ҷодаи ҷаҳон дар Сиэтли Амрико воқеъ шуда, ки дар ҳошияи он тоблуи “эҳтиёт кунед, моҳиҳо дар ҳоли убур аз арзи ҷодаанд” насб шудааст!
-
Sep 04, 2020
Созмони Афви Байналмилал эълом кард, беш аз ҳафт ҳазор тан аз коркунони беҳдошт ва дармон дар саросари ҷаҳон ба иллати ибтило ба вируси корона ҷони худро аз даст додаанд.
-
Sep 04, 2020
Воҳидҳои артиши Тоҷикистон дар биступанҷумин солгарди таъсиси Горди миллии ин кишвар аз муқобили раиси ҷумҳурӣ ва фармондеҳони аршади низомӣ саф оростанд ва режа рафтанд.