Сентябр 05, 2020 12:36 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус: Эҷоди пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон бидуни ризояти Русия ғайримумкин аст

Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ, иддаои Амрикоро дар бораи таъсиси пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон бепоя ва беасос хонд.

Ба гузориши Спутник, Андрей Грозин бо ишора ба интишори хабари эҷоди пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон аз сӯи Пентагон гуфтааст, ки ин мавзӯъ ду сол қабл низ аз сӯи Амрико матраҳ шуд ва ггуфта шуд, ки дурӯғ будааст.

Ин коршиноси рус афзуд, Чин ба Тоҷикистон дар таҳкими марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон ва сохти таъсисоти муҳим кӯмак мекунад, аммо ин ҳамкориҳо ба маънеи эҷоди пойгоҳи низомӣ дар қаламрави Тоҷикистон нест, аз ин рӯ Чин намехоҳад, ки равобиташ бо Русия, ки дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи нерӯи заминӣ бо ҳафтҳазор низомиро дорад, тира шавад.

Вай таъкид кард, агар ҳам замоне ин мавзӯъ матраҳ шуд, бояд ризояти тарафи Русия гирифта шавад.

Вазорати дифои Амрико дар гузориши ахири худ ба Конгресс муддаӣ шуд, ки Чин ба эҳтимоли зиёд мехоҳад барои Артиши мардумии озодибахш дар хоки чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон имконоти лоҷистикӣ эҷод кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин ва муовини раёсати иттилоот ва матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ин иддаоро муғризона, бепоя ва ба дур аз ҳақиқат хондаанд.

 

Барчасп