Ҷустуҷу
-
Jan 12, 2019
Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди идомаи ҳамалоти эътилофи Саудӣ ва шиддат ёфтани даргириҳо дар Яман ҳушдор дод.
-
Jan 10, 2019
Сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена, таҳримҳои ҷадиди Иттиҳоди Аврупо алайҳ бахшҳое аз як ниҳоди эрониро комилан ғайриқобили қабул ва инҳироф дар масъулияти он донист.
-
Jan 08, 2019
Манобеи мутталеъ дар шарқи Арабистон аз ҳамлаи низомиёни Саудӣ ба маҳаллоти маскунӣ дар ду минтақа дар устони Қатиф хабар доданд, ки дар натиҷа панҷ нафар аз мардум ҷон бохтаанд.
-
Jan 08, 2019
Дар Тоҷикистон 17 тарҳи обрасонӣ ба маблағи ду миллиарду 400 миллион сомонӣ дар дасти иҷро аст.
-
Jan 06, 2019
Ҳамоиши байналмилалии дифоъ ва амният дар ғарби Осиё бо ҳузури шахсиятҳои сиёсӣ, дифоӣ, амниятӣ ва соҳибназароне аз Осиё ва Аврупо фардо дар Теҳрон баргузор мешавад.
-
Jan 04, 2019
Комиссариёи олии умури паноҳандагони Созмони милали муттаҳид аз ҷон бохтани беш аз ду ҳазор паноҳҷӯ дар Баҳри Миёназамин дар соли 2018 хабар дод.
-
Jan 03, 2019
Мудир ва муассиси гурӯҳи ахбори иқтисодии Тоҷикистон дар Фейсбук муътақид аст, ки дар 2019 ҳеҷ тағйири ҷадиде дар авзои иқтисодии кишвар рух нахоҳад дод.
-
Jan 02, 2019
Раиси Шӯрои Иттиҳоди синфии ронандагони таксӣ дар Русия муътақид аст, ки дар соли 2019 шароити фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба унвони ронандаи васоили мусофиркашӣ душвортар хоҳад шуд.
-
Jan 01, 2019
Дар соли 2018 дар Тоҷикистон ноустувории қимати доллару рубли русӣ ба унвони ду арзи аслии мавриди истифода дар бозори муомилоти молӣ таъсири зиёде ба зиндагии мардум доштааст.
-
Dec 31, 2018
Раисҷумҳури Русия барои баррасии ҳодисаи инфиҷори шадид дар як сохтмони маскунӣ бар асари нашти газ дар шаҳри Магнитогорск дар ҳазору 700 километрии шимоли шарқи Маскав ба маҳалли ин ҳодиса рафт.
-
Dec 30, 2018
Як кӯдаки дусолаи Яманӣ, ки давлати Амрико то муддатҳо ба модараш иҷозаи вуруд ба ин кишварро намедод, саранҷом дар яке аз бемористонҳои Амрико ҷон бохт.
-
Dec 30, 2018
Таҳлилгари тоҷик мӯътақид аст, ки дар соли нави 2019 дар Тоҷикистон тағйироти ҷиддӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ин кишвар рух нахоҳад дод.
-
Dec 26, 2018
Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аз номушаххас будани сарнавишти 345 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия хабар дод.
-
Dec 25, 2018
Ҳайъати давлати Эрон дар паёме, зимни таслият ба муносибати даргузашти раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ҳазрати Оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрудӣ фардо чаҳоршанберо дар саросари ин кишвар азои умумӣ эълом кард.
-
Dec 25, 2018
Дар раддабандии “Paying taxes-2019”, ки ширкати байналмилалии “Price Water House Coopers” бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ анҷом додааст, Тоҷикистон дар миёни 9 кишвари аввали ҷаҳон аз нигоҳи мизони болои молиёти пардохтӣ қарор гирифтааст.
-
Dec 23, 2018
Эрон, Туркия ва Малайзия дар ҳавзаи тавлиди илми нано дар байни кишварҳои исломӣ рутбаҳои аввал то севумро ба худ ихтисос додаанд.
-
Dec 23, 2018
Оташсӯзӣ дар як маъдани калий дар минтақаи Перм дар ноҳияи Урали Русия 9 кушта барҷо гузошт.
-
Dec 19, 2018
Ҳамкорамон Ғафурӣ дар гузорише вижа ба ин мавзуъ пардохтааст:
-
Dec 18, 2018
Ду тоҷик ба номҳои Муҳаммад Саъдуллоев ва Муҳаммадшариф Камолов дар ҳодисаи фурӯ рехтани боми корхонаи маҳсулоти оҳану бетон дар вилояти Маскав маҷрӯҳ шуданд.
-
Dec 10, 2018
Дар митинги тарафдорони оппозитсия дар Берлин аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, ки маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Маҳмадалӣ Ҳаит, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Мақсуд Иброҳимов ва дигар роҳбарони ҲНИТ ва "Гуруҳи 24”-ро аз зиндон озод кунанд.