Ҷустуҷу
-
Sep 06, 2017
Дастаи миллии футболи Тоҷикистон нахустин пирӯзии худро дар даври гуруҳии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё- 2019 ба даст овард.
-
Sep 06, 2017
Бо эъзоми нахустин гурӯҳи 30 нафарӣ аз муаллимони Русия, ки барои тадрис дар мактабҳои русзабон ба Тоҷикистон омадаанд, корманди аршади Вазорати омӯзиш ва улуми Русия аз дархости Душанбе барои афзоиши теъдоди ин омӯзгорон дар Тоҷикистон хабар дод.
-
Sep 05, 2017
Мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон имзои 24 санади ҳамкорӣ дар сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Пекинро оғози марҳилае ҷадид дар равобити ин ду кишвар унвон кард.
-
Sep 04, 2017
Сангҳои зинатӣ ва гаронбаҳои Тоҷикистон, ки ҳатто дар навиштаҳои Марко Поло, ҷаҳонгарди машҳури итолиёӣ тавсиф шудаанд, ҳанӯз ҳам ба бозори ҷаҳонӣ роҳ наёфтаанд.
-
Sep 04, 2017
Пас аз мамнуъ шудани истифода аз телефони ҳамроҳ дар мактабҳо ва марказҳои омӯзишии Тоҷикистон, акнун соатҳои ҳушманд ҷойгузини телефони ҳамроҳ мешаванд.
-
Sep 03, 2017
Масъулони Тоҷикистон Иди Қурбони соли равонро дар ин кишвар ба ин далел, ки бо рӯзи аввали бозгушоии мадорис ва Рӯзи дониш дар ин кишвар аст, нодида гирифтанд. Вазорати маорифи Тоҷикистон мӯътақид буд, ки уламои ин кишвар бояд рӯзи Иди Қурбонро ба рӯзи дигаре мавкул кунад.
-
Sep 03, 2017
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз бардошти наздик ба 744 ҳазор тон гандум дар ин кишвар хабар дод, ки баробар бо 87 дарсад аз барномаи давлатӣ барои соли 2017 аст.
-
Sep 03, 2017
Ду тан аз афроде, ки ахиран дар Русия ба иттиҳоми омодасозии ҳамалоти террористӣ боздошт шудаанд, шаҳрванди Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳастанд.
-
Sep 02, 2017
Идораҳои сабти аҳвол ва дафтарҳои издивоҷ дар Тоҷикистон бо интишори иттилоияҳое дар маҳаллот ва маконҳои умумӣ, аз мамнуияти вуруди бонувони боҳиҷоб ба ин идорот хабар додаанд.
-
Sep 02, 2017
Ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон ба "шаҳри меваҳои хушк", ба вижа зардолу дар ҷаҳон шӯҳрат дорад.
-
Sep 02, 2017
Қимати барқ ва оби гарм аз аввали моҳи сентябр дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.
-
Sep 01, 2017
Маросими таҷлил аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа бо иқомаи намози ид дар масоҷиди ин кишвар оғоз шуд.
-
Aug 31, 2017
Мардуми Тоҷикистон дар ҳоле Иди Қурбони имсолро ҷашн мегиранд, ки иҷбори донишомӯзон ва донишҷӯён ба ҳузур дар сари синфҳои дарс дар рӯзи ид ва зарурати парҳези шаҳрвандон аз исрофкорӣ бар асоси "Қонуни танзим", шароити хоссеро бар иди имсол ҳоким кардааст.
-
Aug 31, 2017
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар нуҳумин нишасти сарони кишварҳои узви БРИКС озими Чин шуд.
-
Aug 31, 2017
Бо вуҷуди бетаваҷҷуҳии мақомҳои давлати Душанбе ба вазъияти рифоҳӣ ва иҷтимоии мардуми мусулмони Тоҷикистон, доираи маҳдудиятҳои динии онҳо ҳар рӯз ба шакле тангтар мешавад.
-
Aug 31, 2017
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти мудири яке аз ширкатҳои эъзоми нерӯи кор ба хориҷ ба иттиҳоми қаллобӣ ва фиреби шаҳрвандон хабар дод.
-
Aug 31, 2017
Мушкилоти молӣ ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, дар вилояти Хатлонро барои бори чаҳорум бо таъхир рӯбарӯ кард.
-
Aug 30, 2017
Мақомоти пулиси шаҳри Санкт Петербурги Русия ба думболи пайдо кардани як шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, ки гумонбари ҳамла ба консулгарии Амрико дар ин шаҳр мебошад.
-
Aug 29, 2017
Сафири Русия дар Душанбе гуфт, агар иқдомоти қотеъ барои эҳёи забони русӣ аз сар гирифта нашавад, вазъияти ин забон дар Тоҷикистон буҳронӣ хоҳад шуд.