Ҷустуҷу
-
Sep 28, 2020
Имрӯз ҳаштуми меҳр баробар бо 29 сентябр дар тақвими расмии Эрон ба унвони "Рӯзи бузургдошти Мавлавӣ" сабт шудааст.
-
Sep 28, 2020
Раиси комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон дар дидор бо нозирони эъзомии дафтари ҳуқуқи башари Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо гузоришеро аз омодагии ин кишвар барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 11 октябр ироа кард.
-
Sep 28, 2020
Бо сабти 39 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид -19 дар Тоҷикистон шумори беморони корона дар ин кишвар ба 9 ҳазору 685 нафар расид.
-
Sep 28, 2020
Дастаи Персполиси Эрон дар марҳилаи чорякфинали лигаи қаҳрамонони Осиё рӯзи чаҳоршанбе 30 сентябр ба масофи дастаи Пахтакори Узбакистон хоҳад рафт .
-
Sep 28, 2020
Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши 271 миллион долларии захираҳои арзии ин ниҳод дар шаш моҳи нахусти имсол хабар дод .
-
Sep 27, 2020
Гурӯҳи Толибон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон ҳушдор додааст дар сӯрати бетаваҷҷӯҳии меҳмондорони ҳавопаймоҳо ба мавозини исломӣ дар пӯшиш ва ороиш, ба онҳо ҳамла хоҳад кард.
-
Sep 27, 2020
Муносиботи Эрон ва Ироқ бар рағми фишорҳо ва дахолатҳои Амрико дар масири роҳбурдӣ қарор гирифтааст.
-
Sep 27, 2020
Комиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон эълом кард, ки дар шароити густариши вируси куруно интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябр дар ин кишвар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ баргузор хоҳад шуд.
-
Sep 27, 2020
Ду тан аз тарафдорони ДИИШ дар Амрико ба иттиҳоми тарроҳӣ барои бомбгузорӣ, шиллик дар Кохи Сафед ва ё бурҷи Трамп дар Ню-Йорк боздошт шуданд.
-
Sep 27, 2020
Маркази расади раванди интихоботи порлумонии Қирғизистон эълом кард, бархе созмонҳои ғарбӣ ва амрикоӣ дар умури дохилии ин кишвар мудохила мекунанд.
-
Sep 26, 2020
Додгоҳи ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоде аз шаҳрвандони худро, ки дар донишгоҳҳои Эрон донишҷӯ буда ё донишомӯхта шудаанд боздошт кардааст.
-
Sep 26, 2020
Яке аз намояндагони порлумони Кувейт дар вокуниш ба раванди оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ таъкид кард, кишвараш ҳаргиз савори қатори оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ намешавад.
-
Sep 26, 2020
Меҳвари суханони Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронӣ аз роҳи дур дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид
-
Sep 26, 2020
Раиси Ҷумҳурии ҷанҷолии Амрико Доналд Трам борҳо тавофуқи ҳастаии Барҷомро бадтарин тавофуқ барои Амрико номида ва саранҷом дар моҳи майи соли 2018 аз он хориҷ шуда ва сахттарин таҳримҳоро алайҳи Эрон эъмол кард. Акнун рақиби демократ Ҷо Бойден муддаӣ шудааст, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ноябри соли 2020 бори дигар ба ин тавофуқ боз хоҳад гашт. Ин амр бо вокуниши Теҳрон мувоҷеҳ шудааст.
-
Sep 25, 2020
Муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарӣ ва раиси Кумитаи интиқоли маҳкумони Эрон аз мубодилаи ду маҳкуми эронӣ ва тоҷикистонӣ ва интиқоли яке аз маҳкумони эронӣ аз Қазоқистон ба кишвар хабар дод.
-
Sep 25, 2020
Масъулон ва мақомоти Афғонистон аз нахустин намоишгоҳи фаннӣ, муҳандисӣ, мухобирот ва хадамоти шаҳрии Эрон дар Кобул, пойтахти Афғонистон истиқбол карданд.
-
Sep 25, 2020
Қазоқистон раёсат бар Конфронси таомул ва эътимодсозӣ дар Осиёро бар ӯҳда гирифт.