Ҷустуҷу
-
Nov 04, 2016
Давлати Иморот дафтари шабакаи “Скай нюс” -и арабӣ дар Бағдод, пойтахти Ироқро ба хотири ин ки коркунонаш ҳозир нашуданд нерӯҳои мардумиро шибҳинизомӣ биноманд, таътил кард.
-
Oct 29, 2016
Корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон дар шаши моҳи аввали имсол беш аз як миллиарду 143 миллион сомонӣ (муодили 145 миллион доллар) зиён кардаанд.
-
Oct 24, 2016
Туркманистон дарсадад аст, дар наздикии марзи Афғонистон, поёнаи нафтӣ роҳандозӣ кунад.
-
Oct 13, 2016
Гурӯҳаки террористии ДИИШ масъулияти ҳамла ба азодорони Тосуои ҳусайниро дар Кобул ба уҳда гирифт.
-
Oct 11, 2016
Раҳбарони аҳли суннати Покистон эълом карданд, пешопеши ҳайъатҳои азодории шиаён ҳаракат мекунанд, то аз бародарони худ дар муқобили ҳамалоти эҳтимолии террористӣ ҳифозат кунанд.
-
Oct 11, 2016
Ҳамзамон бо Тосуои Ҳусайнӣ, шаҳри Машҳад дар шимоли шарқи Эрон ва ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) саросар сиёҳпуш аст.
-
Oct 10, 2016
Бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли афзоиши амалиёти террористӣ дар айёми Тосуо ва Ошӯрои ҳусайнӣ нерӯҳои артиши Покистон вориди Парачнар ва минтақаи Ҳанго аз манотиқи қабиланишини ин кишвар дар иёлати Хайбар Пахтунхоҳ шуданд.
-
Oct 10, 2016
Дӯстдорони аҳли байт (а) ва азодорони имом Ҳусайн (а) дар шаҳри Вена ҳамзамон бо айёми шаҳодати ҳазрати Саидалшуҳадо (а) роҳпаймоии бошукӯҳе дар ин шаҳр баргузор карданд.
-
Oct 10, 2016
Маросими азодории ҳазрати Абоабдиллоҳи Ҳусайн алайҳиссалом дар Ню-Йорки Амрико баргузор шуд.
-
Oct 09, 2016
Азодории Солори шаҳидон ҳазрати Або Абдуллоҳи Ҳусайн (ъ) ва ёрони бовфои эшон, шаби гузашта бо ҳузури Раҳбари инқилоб дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) Теҳрон баргузор шуд.
-
Oct 05, 2016
Гурӯҳе аз ваҳҳобиён ба масҷиди ҷумъаи шиаён дар шаҳри Маскав ҳамла карданд.
-
Oct 03, 2016
Дар остонаи моҳи Муҳаррам ва айёми азодории солори шаҳидон ҳазрати Абоабдуллоҳи Ҳусайн (а) парчами сиёҳи азо бар фарози гунбади ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) дар Машҳади муқаддас барафрошта шуд.
-
Oct 03, 2016
Ин рӯзҳо дар Афғонистон, аз Кобул то Ҳирот ва аз Мазори Шариф то Бомиён рангу буи Муҳаррам ба худ гирифтааст.
-
Sep 29, 2016
Дар дидори дабири кулли Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД) ва дабир Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар Душанбе, мавзӯи таҳдидоти ношӣ аз авзои амниятии Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамкории Душанбе бо ин созмон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
-
Sep 07, 2016
Расонаҳои ҷаҳон бо инъикоси густурдаи паёми Раҳбари инқилоб дар бораи ҳаҷ ва иттифоқоти талхи соли гузашта дар Арабистони Саудӣ, ки ба далели бекифояти ин режим рух дод, ба баррасии ин паём пардохтанд.
-
Sep 05, 2016
Ҳазрати оятуллоҳилузмо Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати Кунгураи азими ҳаҷ фармуданд: "Мавсими ҳаҷ барои мусулмонон, мавсими ифтихор ва шукӯҳ дар чашми халоиқ ва мавсими нуронияти дил ва хушуъ дар баробари холиқ аст".
-
Sep 03, 2016
Бисёре аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия пас аз итмоми корҳояшон, барои гирифтани маош ба мушкилот ва иттиҳомоти мухталиф аз сӯйи корфармоён, даллолон ва пулиси Русия қарор гирифта ва озору азият мешаванд.
-
Sep 03, 2016
Давлати Узбакистон ба муносибати фавти Ислом Каримов- раисиҷумҳури ин кишвар, 3 рӯз азои умумӣ эълом кард.
-
Aug 31, 2016
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи ал-Олам, манбае дар шаҳри Мусил рӯзи чаҳоршанбе ба шабака ас-Сумриянюс гуфт: Ин 9 нафар ба василаи арраи барқӣ, ки барои буридани дарахтон истифода мешавад, эъдом шуданд.
-
Aug 31, 2016
Муовини амнияти вазири умури хориҷаи Амрико аз таъйини ҷоизаи 3 миллиондолларӣ барои иттилоъ аз сарнавишти Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик хабар дод.