-
Баста шудани роҳи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар асари селу тарма
Май 29, 2017 04:06Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз баста шудани бахше аз роҳи иртиботии байналмилалӣ, миёни ин кишвар ва Қирғизистон бар асари ҷори шудани сел, тарма ва туғёни рӯдхонаи Сурхоб- дар ноҳияи Лахш хабар додаанд.
-
Истиқрори оташборҳои ҷадиди Русия дар Тоҷикистон
Май 27, 2017 11:23Русия бо ҳадафи афзоиши тавони размӣ, оташборҳои ҷадиди худро дар пойгоҳи низомии ин кишвар, дар Тоҷикистон мустақар кард.
-
Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Душанбе
Май 27, 2017 08:28Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо шайх Абдуллоҳ бин Зойд Оли Наҳён, вазири хориҷаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки барои сафаре расмӣ ва якрӯза вориди Душанбе шуда буд, дидор кард.
-
Таҷҳизи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба ПАҲПОД
Май 27, 2017 07:16Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон то поёни имсол ба ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин (ПАҲПОД) муҷаҳҳаз мешавад.
-
Тавлиди ангиштсанг дар Тоҷикистон ба 2 миллион тон мерасад
Май 27, 2017 05:07Мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дар соли 2018 тавлиди ангиштсанг дар ин кишвар ба ду миллион тон мерасад.
-
Табрики Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани моҳи Рамазон дар Тоҷикистон
Май 26, 2017 16:23Раисҷумҳури Тоҷикистон фаро расидани моҳи мубораки Рамазонро ба мардуми кишвараш табрик гуфт.
-
Тоҷикистон дар нишасти САҲА ширкат накард
Май 25, 2017 09:43Мақомоти давлатӣ ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон аз ширкат дар ҳамоиши Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Вена худдорӣ карданд.
-
Лаҳистон ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон паноҳандагӣ додааст
Май 25, 2017 07:44Сафири ғайримуқими Лаҳистон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки давлаташ аъзои гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Душанбе, аз ҷумла Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24-ро террорист намедонад.
-
“Насими малакут” - туҳфаи радиои тоҷикӣ дар моҳи мубораки Рамазон
Май 25, 2017 05:28Радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳамроҳ ва ҳамдили мухотабони худ дар саҳаргоҳони моҳи мубораки Рамазон аст.
-
Тоҷикистониҳо бештарин мутақозиёни тобеияти Русия
Май 25, 2017 05:03Муовини Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфт, атбои Тоҷикистон дар се соли ахир бештарин дархостро барои касби тобеияти Русия ироа додаанд.