Апрел 10, 2023 12:21 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Миллатҳои озода рӯзи ҷаҳони Қудси имсол ҳамсадо инзиҷори худро аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ эълом хоҳанд кард
    Раисӣ: Миллатҳои озода рӯзи ҷаҳони Қудси имсол ҳамсадо инзиҷори худро аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ эълом хоҳанд кард

Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон гуфт: Миллатҳои озода бо баргузории бошукӯҳтари рӯзи ҷаҳонии Қудси имсол, ҳамсадо инзиҷори худро аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ эълом хоҳанд кард.

Ба гузориши Садо ва Симо, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар ҷаласаи рӯзи якшанбеи ҳайати давлат бо маҳкум кардани ҷиноёти ахири саҳюнистҳои зиддӣ мардуми мазлуми Фаластин, бар лузуми ҳамгароии ҷаҳони  Ислом барои дифоъ аз миллати мазлуми Фаластин ва ҷилавгири аз иқдомоти душманонаи режими саҳюнистӣ таъкид кард. Раисӣ бо ишора ба ошкор шудани нишонаи истисол ва аз ҳам пошидагии ҷомеъаи саҳюнистӣ ва шаклгирии назми ҷаддиди ҷаҳонӣ ба фоидаи  Ҷабҳаи муқовимат, афзӯд: Миллатҳои озода бо баргузории бо шукӯҳтари рӯзи Қудси имсол ҳамдил ва ҳамсадо инзиҷори худро аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ эълом хоҳанд кард.

Барчасп