Баргузории намози иди Саиди Фитр субҳи рӯзи шанбе ба имомати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ
(last modified 2023-04-21T13:28:46+00:00 )
Апрел 21, 2023 18:28 Asia/Dushanbe
  • Намози иди Фитр дар Эрон рӯзи шанбе баргузор мешавад
    Намози иди Фитр дар Эрон рӯзи шанбе баргузор мешавад

Намози иди саиди Фитр субҳи фардо (шанбе) дар саросари Эрони исломӣ ва дар Теҳрон ба имомати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар Мусаллои имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор мешавад.

Ситоди баргузории намози иди Фитр эълом кард, дарҳои Мусаллои Теҳрон аз азони субҳи фардо ба рӯйи намозгузорон боз хоҳад шуд.

Охирин бор намози иди саиди Фитр ба имомати ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар соли 1398 шамсӣ баргузор шуда буд.

Бино бар эъломи дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, имрӯз – ҷумъа, мутобиқ бо 30 Рамазоналмубораки 1444 ҳиҷрии қамарӣ будаву фардо - шанбе иди саиди Фитр аст. Шуморе аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Ироқ, Уммон ва Покистон низ пас аз дида нашудани ҳилоли моҳи шаввол, шанберо иди саиди Фитр эълом карданд.

Арабистон, Баҳрайн, Қатар, Сурия, Иморот, Туркия, Миср, Кувайт, Яман, Фаластин ва Лубнону Урдун имрӯз - ҷумъаро аввали шаввол ва рӯзи иди Фитр эълом карданд.

 

Барчасп