Таъкиди генерал Оштиёнӣ бар густариши ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон барои ҳифзи амнияти минтақа
-
Дидори вазирони дифои Эрону Тоҷикистон дар Ҳиндустон
Вазири дифои Эрон бар тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии исломии Эрону Тоҷикистон барои ҳифзи амният дар минтақа таъкид кард .
Муҳаммадризо Қароии Оштиёнӣ-вазири дифои Эрон дар дидори генерал Шералӣ Мирзо-вазири дифои Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлоси Созмони ҳамкории Шанхай бо баёни инки Осиёи Марказӣ ба маҳали таъомул ва баъзан тақобулу рақобати геополитикии кишварҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ табдил шудааст, гуфт : Дар чунин шароите қудратҳои фароминтақаӣ ба дунболи манофеъи худ ҳастанд ва бар ҳамин асос ду кишвар бояд барои ҳифзи амнияти минтақа ҳамкориҳои худро тақвият кунанд.
Вазири дифои Эрон афзуд : Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора ҳомии сулҳу сабот ва амнияту тамомияти арзии Тоҷикистон будааст ва ин сиёсатро бо қудрат идома хоҳад дод.
Генерал Оштиёнӣ таъкид кард : Узвияти Эрону Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай фурсатҳои қобили таваҷҷуҳеро барои ду кишвар эҷод мекунад, ки бояд барои он барномарезӣ кард .
Вазири дифои Эрон авлавияти Ҷумҳурии исломӣ дар ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвияти бунияи дифоии ин кишвар ба вижа мубориза бо тероризм эълом кард .
Вазири дифои Тоҷикистон низ бо ишора ба фарҳанги муштараку собиқаи торихӣ ва тамаддунии Эрону Тоҷикистон равобити ду кишварро амиқ ва аз ҷинси бародарона донист ва таъкид кард : Бо мурури таҳаввулоти ҷаҳону минтақа мавзӯи нигарониҳои амниятӣ барои ду кишвар муштарак аст .
Ба гузориши хабаргузории Форс, нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҳинд баргузор шуд .
Созмони ҳамкории Шанхай 15 июни 2001 дар Шанхай аз сӯи Қазоқистон,Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис шуд ва 9 кишвари Эрон, Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон низ ба узвияти расмии ин созмон пазируфта шуданд .
Бештар бихонед :
- Таҳлил: Заруратҳои таомулоти Эрон ва Тоҷикистон
-
Муовини вазири фарҳанги Эрон: Эрону Тоҷикистон дӯстони қадимии асри сахтиҳо ҳастанд