Май 04, 2023 10:10 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ дар ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) : Истодагии миллати Фаластин ва Сурия шароитро ба нафъи муқовимат тағир додааст.
    Раисӣ дар ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) : Истодагии миллати Фаластин ва Сурия шароитро ба нафъи муқовимат тағир додааст.

Раисиҷумҳӯри Исломии Эрон гуфт: Истодагии миллати Фаластин ва Сурия шароитро ба нафъи муқовимат тағир дода ва имрӯз режими саҳюнистӣ аз ҳама замонҳо заъифтар аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳӯри Исломии Эрон, ки ба Сурия сафар кардааст, дар суханронии худ дар ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) афзӯд: 12 соли тавтиа ва фитна кардан ва  ва пулҳои ҳарамро ба гурӯҳҳои террористӣ ва ДОИШ хуронданд ва бо истифода аз расонаҳои имперетурии фаъоли зиддӣ миллати  мазлуми Сурия, кӯдаконро кӯштанд ва занонро бе хонумон карданд аммо бо вуҷӯди ин ҷиноёти ҳулнок имрӯз Сурия сарфароз истодааст. Раисиҷумҳӯрии Исломии Эрон афзӯд:   Имрӯз  Сурия муқовим ва сарфароз истода ва нанги абади барои душманони Ислом ва муҷоҳидони роҳи Худо монд. Раисӣ тасреҳ кард: Дар канори ҷиноёти 12 солаи Амрикоиҳо ва саҳюнист дар Сурия ва Ироқ сафҳаи нуронии муқовимат. истидагӣ ва дифоъ аз ҳарими вилоят ва истодагӣ дар қобили истекбори ҷаҳонӣ қарор дорад. Раисиҷумҳӯри Исломии Эрон афзӯд: Рузе, ки сурия ва Ироқ мавриди таҳоҷуми такфириҳо қарор гирифт бархе шароитро дуруст таҳлил накарданд аммо ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ  Раҳбари муаззами Инқлоби Исломӣ ин ҷараён  ва ҷинояти саҳюнистӣ аст ва бо таҳлили дурӯст дар муқобили такфириҳо ҷабҳаи муқовиматро эҷод кард. Раисӣ бо қадрдонӣ аз муқовимат ва истодагии Сурия дар баромари террористҳо гуфт: Давлат ва миллати Сурия  бо басират ва ба дурӯсти дар баробари ин фитна истодаан. Раисиҷумҳӯри Исломии Эрон таъкид кард: Сиёсати Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ҳимоят аз миллатҳои мазлум буда ва хоҳад буд ва Ҷуиҳӯрии Исломии Эрон дар канори миллати муқовими Фаластин ва Сурия буда ва хоҳад буд.

Барчасп