Май 09, 2023 14:17 Asia/Dushanbe
  • Ҷонишини муваққати Комисориё дар Эрон : Эрон бештарини теъдоди паноҳандагонро солҳои тӯлонӣ дар худ ҷой додааст

Ҷонишини муваққати Комисориёии олии паноҳндагони Созмони Миллали Муттаҳид дар Эрон гуфт : Эрон бештарин теъдоди паноҳандагонро дар солиёни тӯлонӣ паноҳ додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хонум Аинна Гладкая-ҷонишини муваққати Комисориёии олии Созмони Миллали Муттаҳид дар Эрон рӯзи сешанбе дар нишасте бо сафирони Олмон, Австрия ва устондори Кирмон дар ҷануби Эрон бо ишора ба хадамоти шоёни Ҷумҳурии исломӣ ба ҷамъияти атбоъ тасреҳ кард : Эрон аз кишварҳое аст, ки бештарини теъдоди паноҳандагонро дар солиёни тӯлонӣ дар худ ҷой дода ва дархости кумакҳои бештар ба Эрон дар ин замина ба кишварҳои аврупоӣ ва Созмони Миллали Муттаҳид мунъакис хоҳад шуд .
Волф Дитриш Ҳойм-сафири Австрия дар Эрон низ гуфт : Ду сол пеш ба дунболи ҳоким шудани Толибон дар Афғонистон бисёре аз атбоъи ин кишвар ба кишварҳои дигар аз ҷумла Эрону Австрия паноҳанда шуданд .
Дипломати австрияӣ афзуд,ки кишвараш фаъолиятҳои хубе бо Комисориёии паноҳндагони Созмони Миллали Муттаҳид дар заминаи паноҳндагон дорад ва бо тамаркузи вижа дар омӯзишу маҳорати атбоъ дар устони Кирмон талош хоҳад кард.
Ҷумҳурии исломии Эрон беш аз чиҳил сол аст, ки мизбони муҳоҷирони афғонистонӣ буда ва акнун дастикам 5 миллион нафар аз онон дар Эрон ба сар мебаранд ва аз имконоти мавҷуд дар Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчун шаҳрвандони Эрон баҳраманд ҳастанд .
Таҳаввулоти ахир дар Афғонистон низ сабаб шуд, ки мавҷи ҷадидӣ аз атбоъи афғонистонӣ ба самти Эрон роҳӣ шаванду Ҷумҳурии исломии Эрон алорағми мушкилоти иқтисодии ношӣ аз таҳримҳои золимона ва бидуни кумакҳои байналмиллалӣ ҳеҷ монеъе барои вуруди онон эҷод накард ва мизбони шоиста барои ин муҳоҷирон будааст .

 

Барчасп