Май 30, 2023 12:20 Asia/Dushanbe
  • Оғози иҷлосияи байналмилалии панҷумин конгресси ҷаҳонии ҳазрати Ризо ( а ) бо паёми оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ

Дар остонаи валодати босаодати Имом Ризо алайҳис-салом иҷлосияи байналмилалии панҷумин конгресси ҷаҳонии ҳазрати Ризо ( а ) имрӯз бо паёми ҳазрати оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ дар толори Қудси китобхонаи марказии остони Қудси разавии ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) оғоз ба кор кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ дар бахше аз паёми худ овардааст : Каромат ғайр аз илм аст, каромат ғайр аз адл аст . Ҷамъи илму адл ба изофаи сифоти барҷастаи дигар заминаи шукӯфоии кароматро ба бор меоварад. Аввалин дарси Худо ва охирин дарси Худо ва байни аввалу охири дарси Худо, каромат аст .
Даҳаи Каромат, даҳаи илми Имом Ризо (а )аст . Даҳаи Каромат, яъне фириштаху шудан, дигар сухан аз ихтилоси нуҷумӣ ва зулму ситам нест; ин маъноии каромат аст, ки ту фиришта шавӣ . Ин баҳсҳо ва пешнишастҳо муқаддама аст ин ша Аллоҳ барои конгресси азиму бузурге, ки барои вуҷӯди мубораки Имом Ризо салавотуллоҳ ва салому алайҳ аст.
Дар идомаи ин иҷлосия ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Саидризо Омилӣ-дабири ин конгресс гуфт : Ҳадафи аслии баргузории ин конгресс зарурати тавваҷуҳи конӯнӣ ба андешаи тамаддунии Имом Ризо ( а ) ва эҳёи мироси гаронқадри разавӣ дар фарогирии адолат ва парҳез аз зулм аст .
Ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Марвӣ- тувлияти остони Қудси разавӣ ҳам дар ин маросим гуфт : Тамаддуни бузурги исломӣ бо таъкид бар тавҳиду тавваҷуҳ ба арзишҳои тавҳидӣ, таъсири амиқе бар ҷаҳон доштааст . Меҳварияти ҳокимияти илоҳӣ бо такя бар имомат, адолатмеҳварӣ, рафъи табъиз, риояти ҳуқуқи фардӣ ва иҷтимоӣ ва тавваҷуҳ ба каромати инсонӣ ва баҳрамандӣ аз ҷомеъаи ахлоқии мубтанӣ бар арзишҳои волои исломӣ аз ҷумла бовармандӣ ба ҷаҳони охират, ростгӯӣ, садоқату саломат дар гуфтор, чароғи ҳидояте барои башарият ба унвони як кулли мунсаҷим фароҳам кардааст .

 

Барчасп