Мусобиқоти футболи зери 23 соли ғарби Осиё; Роҳёбии тими умеди Эрон ба ниманиҳоӣ
(last modified Sat, 17 Jun 2023 14:29:27 GMT )
Июн 17, 2023 19:29 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти футболи зери 23 соли ғарби Осиё; Роҳёбии тими умеди Эрон ба ниманиҳоӣ

Тими футболи умеди Эрон бо тасовӣ баробари Фаластин, садрнишини гуруҳи дувуми мусобиқоти футболи зери 23 соли ғарби Осиё шуду ҷавози ҳузур дар ниманиҳоиро касб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими футболи умеди Эрон ҷумъашаб ва аз соати 20:15 ба масофи умедҳои Фаластин рафтанд, ки ин бозӣ дар поён бо тасовии як бар як хотима ёфт.

Умедҳои Эрон, ки дар аввалин бозӣ Сурияро 3 бар як шикаст дода буданд, бо тасовӣ дар бозии имрӯз чаҳор имтиёзӣ шуданд ва болотар аз Фаластини 4 имтиёзӣ ва Сурия бидуни имтиёз садрнишини ин гуруҳ шуд.

Дар гуруҳи аввали ин мусобиқот, Ироқ (мизбон), Урдун ва Иморот қарор доранд ва дар гуруҳи сеюм,  тимҳои Лубнон, Яман ва Уммон бо якдигар рақобат мекунанд.

 

Барчасп