Июн 24, 2023 20:34 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи вазорати умури хориҷа: Эрон аз ҳокимияти қонун дар Федератсияи Русия ҳимоят мекунад

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон руйдоди ахир дар Русияро мавзӯи дохилии ин кишвар донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ руйдоди ахир дар Русияро мавзӯи дохилии ин кишвар донист ва гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳокимияти қонун дар Русия ҳимоят мекунад.

Неруҳои мусаллаҳи Русия ва дигар ниҳодҳои давлатӣ дар ин кишвар иддаои Евгений Пригожинро рад карда ва эълом карданд, зидди фармондеҳи гуруҳ "Вагнер" эъломи ҷурм шудааст.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ҳам дар суханоне эълом кард: Русия бо хиёнат рӯ ба рӯ аст, душман аз пушт ханҷар зада ва ин мустаҳаққи муҷозот аст.

Путин тасреҳ кард: Русия ба шиддат барои ояндаи худ мубориза мекунад ва ин мусталзими раҳо шудан аз ҳар он чизе аст, ки ин кишварро тазъиф мекунад.

 

Барчасп