Раҳбари муаззами инқилоб: Таблиғ дар нигоҳи ҳавзаи илмия бояд дар мартабаи аввал бошад
(last modified Wed, 12 Jul 2023 10:07:32 GMT )
Июл 12, 2023 15:07 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Таблиғ дар нигоҳи ҳавзаи илмия бояд дар мартабаи аввал бошад
    Раҳбари муаззами инқилоб: Таблиғ дар нигоҳи ҳавзаи илмия бояд дар мартабаи аввал бошад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҷамъи аз тулоби ҳавзаҳои илмияи саросари Эрон гуфтанд: Таблиғ дар нигоҳи ҳавзаи илмия бояд дар мартабаи аввал бошад.

Ба гузориши дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор афзуданд: Зарфияти таблиғ дар Эрон анбуҳи мутароким ва густарда аст

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин ки Эрон ба таблиғ, мавъиза ва таҳқиқ эҳтиёҷ дорад таъкид карданд: Имруз сатҳи огоҳии умумии ҷавон ва ғайри ҷавон бо гузашта қобили муқоиса нест.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: Иловар бар инки сатҳи фикрии ҷавони мо, навҷавони мо, мухотаби мо боло рафт як офат ҳам вуҷуд дорад ва он ин ки дар ин ошуфтабозор садоҳои мухталифи фазои маҷозӣ ва таксири расонаӣ вуҷуд дорад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: Дар ин таксири расонаӣ ва дар ин садоҳои гуногун як садо дар инзиво қарор гирифт ва он садо интиқоли маъорифи насли ва хонаводаги аст.