Таъкид бар нишасти фавқулодаи вазирони хориҷаи кишварҳои исломӣ
Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо ҳамтои туркияии худ зимни қадрдонӣ аз мавозиъи ин кишвар дар маҳкӯмияти иҳонат ба Қуръони карим пешниҳод кард нишасти фавқулодаи вузарои хориҷаи кишварҳои исломӣ дар зудтарин вақти мумкин баргузор шавад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, вазирони хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрону Туркия асри шанбе дар гуфтугуи телефонӣ зимни маҳкӯмияти шадиди иҳонат ба Қуръони карим дар Шветсияву Дания дар мавриди муҳимтарин мавзӯъоти мавриди иҳтимоми ду кишвар дар ҳавзаҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд .
Ҳокон Фидон-вазири умӯри хориҷаи Туркия низ зимни маҳкӯмияти муҷаддади иҳонат ба Қуръони карим аз пешниҳоди вазири умӯри хориҷаи Эрон барои баргузарии нишасти фавқулодаи вузарои хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ истиқбол кард.