Июл 29, 2023 14:54 Asia/Dushanbe
  • Муовини беҳдошту дармони Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон аз роҳандозии марокизи дармонии наве дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон хабар дод

Муовини беҳдошт, дармон ва тавонбахшии Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон эълом кард : Ба зудӣ марокизи дармонии ҷадиде дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон роҳандозӣ мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Паймони Номдор гуфт : Таъомулот пас аз афзоиши равобити кишварҳои Осиёи миёна бо давлати сездаҳум ва сафари мақомоти ин кишвар ба Ҷумҳурии исломии Эрони шакли ҷиддитар ба худ гирифт ва акнун муовинати беҳдошт, дармон ва тавонбахшии Ҷамъияти ҳилоли аҳмар ба унвони мутаваллии марокизи дармонии Ҳилоли аҳмар дар хориҷ аз кишвар дар ҳоли омодасозии ин марокиз барои роҳандозии ҳар чи сареътар ва тавсеаи дипломосии саломат аст .
Вай афзуд : Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон дар садуякумин соли таъсис бо пайгирии муҷиддонаи вазоифи зотии худ ва дар ростои тавсеаи фаъолиятҳои башардӯстона дар манотиқи камтартавсеаёфтаи ҷаҳон чандин маркази саломати фаъол дар Амрикои лотин, Африқо ва Осиёро мудирият мекунад, ки шомили бахшҳои бемористонӣ, поликлиникҳои тахассусӣ ва клиникҳои умумии дармонӣ, ҳимодиёлиз ва тавонбахшӣ аст .
Ин марокизи беҳдоштӣ ва дармонӣ худгардон ҳастанд ва ҳазинаи иқдомоти башардӯстонаи онон бо дарёфти маблағи хадамоти дармонӣ аз беморону кумакҳои хайркунандаҳо фароҳам мешавад.
 

 

Барчасп