Август 10, 2023 18:27 Asia/Dushanbe
  • Вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон хабар дод : Омодагии Эрон барои имзои тафоҳумномаи ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Ветнам

Вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон аз омодагии Ҷумҳурии исломии Эрон барои имзои тафоҳумномаи ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Ветнам хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Муҳаммадмаҳдии Исмоъилӣ дар дидори Вонг Динь Хо-раиси Маҷлиси Ветнам дар ҳошияи оини ифтитоҳи ҳафтаи фарҳангии Ветнам дар Эрон гуфт : Баргузории ҳафтаҳои фарҳангӣ аз иқдомоте аст, ки метавон аз тариқи он осори ҳунариро дар ду кишвар муаррифӣ кард . Исмоъилӣ бо ёдоварии таърихи синамои Эрон афзуд : Кишвари Эрон дар арсаи фаъолиятҳои синамоӣ таърихи 100 солае дорад ва омодагии ҳамкориҳои муштарак дар ин заминаро бо кишвари Ветнам дорад . Вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон ба бархе аз осори синамоии кишвари Ветнам низ ишора кард ва гуфт : Дар бораи муқовимати торихии ветнамиҳо дар ҳамлаи амрикоиҳо ба ин кишвар даҳҳо филми ҷангӣ вуҷуд дорад ва ҳамвора ветнамиҳо дар зеҳни эрониён инсонҳои фидокор, муқовиму мудофеъи ватани худ ҳастанд, ки барои дифо аз меҳанашон ҷони худро тақдим карданд . Раиси маҷлиси Ветнам низ бо ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар Эрон ба муносибати панҷоҳумин солрӯзи равобити дипломатии ду кишвар ва ҳузур дар ҳафтаи фарҳангии Ветнам дар Теҳрон гуфт : Барқарории равобити Ветнаму Эрон ва ҳамчунин равобит бо дигар кишварҳо ҳамвора бояд аз заминаҳои фарҳангӣ оғоз шавад. Вонг Дин Хо ба бархе осори ба намоиш гузоштаи ин кишвар дар ҳафтаи фарҳангии Ветнам дар Теҳрон ишора кард ва гуфт : Дар ин ҳафта намойишгоҳи либосҳои суннатӣ, саноеъи дастӣ, филм ва ғайра ба намоиш дармеояд.

 

Барчасп