Раиси кулли бонки маркази: Тамоми манобеъи арзии тувқифшудаи Эрон дар Кореи Ҷанубӣ озод шуд
(last modified Sun, 13 Aug 2023 06:08:48 GMT )
Август 13, 2023 11:08 Asia/Dushanbe
  • Раиси кулли бонки маркази: Тамоми манобеъи арзии тувқифшудаи Эрон дар Кореи Ҷанубӣ озод шуд
    Раиси кулли бонки маркази: Тамоми манобеъи арзии тувқифшудаи Эрон дар Кореи Ҷанубӣ озод шуд

Раиси кулли бонки марказии Эрон аз озодсозии ҳамаи манобеъи арзии Эрон дар Кореи Ҷанубӣ хабардоду гуфт: Ин манобеъ ба сурати пардохти бонки ҷиҳати хариди колоҳои ғайритаҳрими истифода мешавад.

Вазорати умури хориҷаи Эрон шомгоҳи панҷшанбе 10 августи соли 2023 дар баёнияи зимни тайиди оғози фароянди озодсозии чанд миллиард доллар аз дороиҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ки барои чанд сол ба таври ғайриқонуни дар Кореяи Ҷанубӣ тавассути Амрико тувқиф шуда буд эълом кард: Шакли баҳрабардори аз манобеъ ва дороиҳои моли рафъи тувқифшуда дар ихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад буд.

Ба гузориши ИСНА, Муҳамммадризо Фарзин раиси кулли бонки марказии Эрон дар паёми твиттер бо табрик ба тими дипломосии арзи ба далели мувафақият дар озодсозии манобеъи арзи тувқифшуда дар Кореяи Ҷанубӣ афзуд: Бедуни тардид ончи ба даст омда фаротар аз таҳлилҳои мавҷуд аст ва албата ки ин фароянд идома хоҳад дошт.

Бар асоси ин гузориш манобеъи арзии Эрон дар чанд кишвари дигар низ ба зуди дар дастрас қарор мегирад, ки ахбор ва осори он дар бозор ва мубодилоти тиҷори мушоҳида хоҳад шуд.

Барчасп