Август 15, 2023 11:16 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ ( а ) аз сӯи кишварҳои ҷаҳон

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ ( а )-ро маҳкум кард.

Як омили такфирӣ асри рӯзи якшанбе бо силоҳи гарм вориди ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мӯсо ( а ) дар Шероз шуд ва аз вурӯдии он иқдом ба тирандозӣ ба самти зоирон ва ходимон кард.
Дар ин ҳодиса то кунун 2 нафар шаҳид, 5 нафар маҷрӯҳ ва 2 нафар масдум шудаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Стефан Дуҷорик-сухангӯи Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар ҷамъи хабарнигорон ба нақл аз вай эълом кард : Дабири кулли Созмони Миллал ҳамлаи террористӣ дар Шерозро ба шиддат маҳкӯм мекунад.
Дуҷорик бо баёни инки аъмоле ки маконҳои мазҳабӣ ва ибодатгоҳҳоро ҳадаф қарор медиҳад манфӯр аст, хотирнишон кард: Дабири кулли Созмони Милал бар лузӯми муҳокимаи омилони ҷинояти террористии Шоҳчароғ ( а ) таъкид мекунад.
Дабири кули Созмони Миллал зимни таслият ба хонаводаҳои доғдор ва мардуму давлати Ҷумҳурии исломии Эрон барои маҷрӯҳони ин иқдоми террористӣ шифои оҷил масъалат кардааст.
Сухангӯи масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупоазорати хориҷаи Фаронса ва Русия низ рӯзи душанбе ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ (а)-ро маҳкӯм карданд.
Питер Астоно,сухангӯи масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо зимни маҳкӯм кардани ин ҳамла террористӣ гуфт : Ин ҳамла намӯнаи дигаре аз ҳадаф қарор додани шаҳрвандони бегуноҳ тавассути террористҳост. Иттиҳодияи Аврупо ба хонаводаҳои қурбониён таслият мегуяд .
Вазорати хориҷаи Фаронса низ дар тветте навишт : Фаронса ҳамлаи террористии рӯзи гузашта ( якшанбе ) ба як ҳарами мазҳабӣ дар Шерозро, ки 26 октябри соли гузашта низ ҳамлаи дигареро таҷриба карда буд, маҳкӯм мекунад.
Вазорати умӯри хориҷаи Русия ҳам рӯзи душанбе ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ ( а ) Шерозро башиддат маҳкӯм ва эълом кард, ки Русия ҳамкориҳои зиддитеррористии худро бо Эрон густариш хоҳад дод.
Сафорати Туркия дар Теҳрон бо интишори паёме ба забонҳои туркӣ ва форсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамлаи мусаллаҳона ба ҳарами Шоҳчароғро маҳкӯм кард.


 

 

Барчасп