Дидори пешкисватон ва фаъолони дифои муқаддас ва муқовимат имрӯз бо Раҳбари муаззами инқилоб
(last modified Wed, 20 Sep 2023 06:17:51 GMT )
Сентябр 20, 2023 11:17 Asia/Dushanbe
  • Дидори пешкисватон ва фаъолони дифои муқаддас ва муқовимат имрӯз бо Раҳбари муаззами инқилоб

Ҷамъе аз тилоядорон, хонаводаҳои шуҳадо, ҳунармандон, нависандагон ва имдодгарону пешкисватону фаъолони дифои муқаддас дар остонаи Ҳафтаи дифои муқаддас имрӯз (чаҳоршанбе) бо ҳузур дар ҳусайнияи имои Хумайнӣ (раҳ.) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дидор хоҳанд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, илова бар ҳузури бархе аз пешкисватони дифои муқаддас дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ.), ҷамъи дигаре аз фаъолони дифои муқаддас дар гушаву канори Эрон низ аз тариқи иртиботи тасвирӣ бо ҳамаи марокизи устонҳо дар ин дидор ҳузур хоҳанд дошт.

Артиши мутаҷовизи режими Саддом, диктатори маъдӯми Ироқ, 31 шаҳривармоҳи соли 1359 мусодиф бо 22 сентябри 198 , таҳоҷуми густардаеро бо бакоргирии анвоъи ҷангафзорҳо алайҳи Эрон оғоз кард.

31 шаҳривармоҳ дар тақвими муносибатҳои Эрон оғози Ҳафтаи дифо муқаддас аст. Дар ин як ҳафта, маросими мухталифе дар саросари Эрони исломӣ баргузор мешавад.

 

Барчасп