Раҳбари муаззами инқилоб : Ҳузури маънавии Эрон дар минтақа, фарёди Амрико ва бархе кишварҳоро даровардааст ( бахши дувум )
(last modified Wed, 20 Sep 2023 13:27:01 GMT )
Сентябр 20, 2023 18:27 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб : Ҳузури маънавии Эрон дар минтақа, фарёди Амрико ва бархе кишварҳоро даровардааст ( бахши дувум )

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҷамъе аз талоядорон, хонаводаҳои шаҳидон, ҳунармандон, нависандагон, имдодгарон ва пешкисватону фаъолони дифои муқаддас гуфтанд : Ҳузури маънавии Эрон дар минтақа фарёди Амрико ва бархе кишварҳоро даровардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор бо баёни инки дифои муқаддас марзҳои моро густариш дод, афзуданд : Манзур марзҳои ҷуғрофиёӣ нест, балки марзҳои дигар аз ҷумла марзи муқовиматро густариш дод ва имрӯз унсури муқовимат дар минтақа ҷо уфтодааст .Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар инки унвони муқовиматро дифои муқаддас дар ҷаҳон матраҳ кард, пеш бурд ва ҷо андохт, тасреҳ карданд : Эрон дар кишварҳои минтақа пойгоҳ надорад, аммо ҳузури маънавӣ дорад ва ин ҳузури маънавӣ фарёди Амрико ва бархе кишварҳоро даровардааст.
Раҳбари муаззами инқилоб бо баёни инки масаълаи душман ҳануз ҳам Ҷумҳури исломӣ аст, таъкид карданд : Ҳадафи асосӣ ва муҳими душман дар даврони дифои муқаддас ҳам тамомияти арзӣ набуд, балки душман мехост ин инқилоби беназирро, ки мардуми Эрон рақам заданд, саркӯб кунад .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд : Фарқ мекунад, ки ҷанге барои ҷобаҷоии як бахше аз марзи ду кишвар иттифоқ биафтад ё барои нобудии он чизе ки ҳувияти як миллатро ташкил медиҳад иттифоқ биафтад ; масаълаи ҷанги режими Баъси Ироқ бо Эрон фақат марзӣ набуд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни инки дар даврони дифои муқаддас ҳамаи дунё вориди ҷанг бо Эрон шуд, афзуданд : Ҳамаи қудратҳои матраҳи он рӯзи дунё шомили Амрико, кишварҳои аврупоӣ, блоки Шарқ ҳар кадом як тавр дар ҷанг алайҳи Инқилоби исломӣ ҳамроҳ шуданд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар инки корҳои миллати Эрон дар кишварҳои дурдаст таъсир гузоштааст, тасреҳ карданд : Дар минтақаи шарқи Осиё, Африқо ва Амрикои лотин корҳои миллати Эрон улгӯ шуд.
 

 

Барчасп