Сентябр 21, 2023 16:21 Asia/Dushanbe
  • Судури ҳукми қатл барои муттаҳами аслии парвандаи ҳамла ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ ( а )

Раиси додгустарии устони Форс аз судури ҳукми қатл(эъдом) барои муттаҳами аслии парвандаи ҳамла ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ ( а ) хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ҳуҷҷатилислом валмуслимин Сйидкозими Мӯсавӣ,раиси додгустарии устони Форс имрӯз ( панҷшанбе ) гуфт : Муттаҳами радифи аввали парвандаи ҳамла ба зоирону ходимони ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ ( а )аҳматуллоҳ Наврӯзов маъруф ба Мустафо Асламёр, аҳли кишвари Тоҷикистон иқдом ба ҳамлаи мусаллаҳона ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ ( а ) карда буд .
Раиси додгустарии устони Форс афзуд : Наврӯзов бо иттиҳомоти муҳориба, бағӣ ва иҷтимоъу табонӣ алайҳи амнияти кишвар мувоҷеҳ буд, ки пас аз таи мароҳили таҳқиқот, судӯри қарори ҷалб ба додрасӣ ва кайфархост дар додсарои умумӣ ва инқилоби исломии Шероз ва баргузории 20 соъат ҷаласаи расидагӣ дар шуъбаи аввали Додгоҳи инқилоби исломии Широз ба 2 бор эъдом маҳкум шуд .
Раиси додгустарии устони Форс афзуд : Бо таваҷҷуҳ ба иқрорҳои ошкори муттаҳам ба узвияту ҳамкорӣ бо гуруҳи ДИИШ ва истифода аз силоҳи гарм ба қасди эҷоди тарсу ваҳшат, вай бар асоси маводи матрӯҳа дар қонӯни муҷозоти исломӣ ба муҷозоти муҳориба ва бағӣ маҳкӯм шуд .
 Мӯсавӣ бо баёни инки муттаҳамони радифҳои дувум ва сеюм низ аз иттиҳоми муовинат дар муҳориба ва ифсоди филарз дар додгоҳ табраъа шуданд, гуфт : Муттаҳамони радифҳои дувум ва сеюм ба ҳабс маҳкум шуданд.

 

Барчасп