Сентябр 25, 2023 13:10 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши духтарони Эрон дар Hangzhou, духтарони қоиқрони Эрон нуқраи шуданд/ нахустин медали дучархасаворӣ барои занони Эрон
    Дурахшиши духтарони Эрон дар Hangzhou, духтарони қоиқрони Эрон нуқраи шуданд/ нахустин медали дучархасаворӣ барои занони Эрон

Тими ровинги чаҳор нафараи қоиқронии бонувони Эрон дар байни муддаъиёни осиёӣ, ноиб қарҳрамони бозиҳои осиёии Hangzhou шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, рақобати финали ровинги 4 нафараи бонувон субҳи имрӯз (душанбе) бо ҳузӯри финолистҳои ин бахш яъне тими 4 нафараи ровинги бонувони Эрон, Чин Интанезия, Қазоқистон ва Виетнам баргузор шуд ва бонувони милли пуши Эрон бо сабти замон ва рекорди 6 дақиқаву чиҳилу ду сония ҳаштоду чаҳорум садум сония соҳиби сакуи қаҳрамонӣ шуд. Занони дучархасавори Эрон ҳам тавонистанд чаҳорумин медали корвони Эрон ва танҳо медали риштаи дучархасавори дар бозиҳои осиёӣ касб кунанд. Дар мусобиқот дучархасавории Куҳистон, дучархасаворони Эрон бо 7 рикобзани дигар рақобат кард ва дар поёни 4 даври рақобат, духтари рекобзани Эрон тавонист медали бо арзиши биринҷиро касб кунад. Ин медал нахустин медали дучархасавори занони Эрон дар бозиҳои осиёӣ ва чаҳорумин медали тамоми корвони Эрон дар рақобатҳои ин давраи маҳсуб мешавад. Бозиҳои осиёии Hangzhou Чин, аз 23-уми сентябр оғоз то 8-уми октябр идома дорад.