Ноябр 04, 2023 13:43 Asia/Dushanbe
  • Дар рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ; Роҳпаймоии 13 обон ҳамзамон дар Теҳрон ва саросари Эрон баргузор шуд

Маросими "Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ" бо шиори "Назми нави ҷаҳонӣ бо насли ормонӣ" ҳамзамон дар Теҳрон ва беш аз 1 200 шаҳри саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.

Сездаҳуми обон бо номгузории рӯзи мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар тақвими расмии Эрон , нуқтаи атфе дар муборизаи миллати Эрон бо истикбори ҷаҳонӣ ва дар сарварии он Амрикост.

 Миллати бузурги Эрон дар тӯли 45 сол гузашта бо гиромидошти 13 обон ба унвони рӯзи истодаги дар муқобили истикбори ҷаҳонӣ ва эъломи пойдории уммати ҷаҳони Ислом дар баробари зӯргуииҳо ва дасисаҳои Амрико ҳамвора талош карданд бо барпоии иҷтимоъи азими мардум дар муносибатҳои мухталиф ва ҳузури густурда ва пуршӯр дар роҳпаймоииҳое ҳамчун рӯзи Қудс, 13 обон ва 22 баҳман ва бо сар додани шиорҳои "Марг бар Амрико, марг бар Исроил" ва "марг бар истикбор" нақшаҳои шум ва ҷиноёти онон дар баробари миллати Ислом ва ба хусус мардуми мазлуми Фаластинро ба гӯши ҷаҳониён расонданд.

 

Барчасп