Ноябр 28, 2023 18:42 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷамъияти ҳилолиаҳмари Эрон: Ба ҳар наҳви мумкин ба мардуми Ғазза кумак мекунем
    Раиси ҷамъияти ҳилолиаҳмари Эрон: Ба ҳар наҳви мумкин ба мардуми Ғазза кумак мекунем

Раиси ҷамъияти ҳилолиаҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Бо кумитеи байналмилалии Салиби Сурх ҷамъиятҳои миллии Миср, Русия, Ироқ ва Урдун гуфтугу ва мукотиба кардаем то битавонем ба ҳар наҳви мумкин ба мардуми Ғазза кумак кунем.

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" 7 октябри 2023 дар посух ба беш аз ҳафт даҳаи ишғоли Фаластин ва наздик ба ду даҳаи муҳосираи Ғазза ва зиндон ва шиканҷаи ҳазорон дарбанди режими саҳюнистӣ амалиёт Туфони алақсоро оғоз кард.

Ба гузориши ИРНА Пирҳсини Куливанд раиси ҷамъияти ҳилолиаҳмари Эрон дар яксадупанҷовуҳаштумин ҷаласаи шурои олии ҷамъияти ҳилоли аҳмар иқдомоти ин ҷамъият дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғаззаро шарҳ доду  гуфт: Аз рузи аввали шуруи даргирӣ дар Ғазза пайгириҳои миллӣ ва байналмилалиро анҷом додаем.

Image Caption

Раиси ҷамъияти ҳилолиаҳмари Эрон афзуд: Ҷаласаи видео конфаронс бо 86 ҷамъияти миллӣ низ баргузор ва нақзи қавонини башардустона дар ин ҷаласа ташреҳ шуд ва дар ниҳоят муқарар шуд аз режими саҳюнистӣ дар маҷомеъи байналмилалии эълом ҷурм шавад.

Куливанди афзуд: Ҳамчунин ҷаласаи воковеи нақши ҳуқуқи башардустона низ бо ҳузури Ғарибободи муовини ҳуқуқи башари қувваи қазоия ва фаъолони фаластини баргузор ва абъоди нақзи ҳуқуқи байналмилалии башардустона ташреҳ шуд.

Барчасп