Раҳбари муаззами инқилоб: Хусусиятҳои ҷуғрофиёи сиёсии ҷадиди минтақа бо меҳварияти ҳастаҳои муқовимат аст
(last modified Wed, 29 Nov 2023 13:59:14 GMT )
Ноябр 29, 2023 18:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҳастаҳои муқовимат дар ҳоли тағйири сарнавишти минтақа ҳастанд
    Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҳастаҳои муқовимат дар ҳоли тағйири сарнавишти минтақа ҳастанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки башорати имом Хумайнӣ (раҳ) дар бораи «ташкили ҳастаҳои муқовимати ҷаҳонӣ» имрӯз дар минтақа муҳаққақ шудааст, афзуданд: Ҳастаҳои муқовимат дар ҳоли тағйири сарнавишти минтақа ҳастанд, ки як намунаи он ҳамин “Тӯфоналақсо” аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз (чаҳоршанбе) дар дидори ҳазорон нафар аз басиҷиёни саросари Эрон ба нақшаи шикастхӯрдаи амрикоиҳо барои тағйири нақшаи ҷуғрофиёи сиёсии Ғарби Осиё дар кишварҳои Лубнон, Ироқ, Сурия ва Фаластин ишора карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо баршумурдани хусусиёти нақшаи ҷадид ва дар ҳоли шаклгирии Ғарби Осиё гуфтанд: Хусусияти аввали Ғарби Осиёи ҷадид амрикоизудоӣ, яъне радди султаи Амрико бар минтақа аст, ки албатта ин ба маънии қатъи равобити сиёсии кишварҳо бо Амрико нест, балки ба маънии табоҳ шудани қудрату тасаллути сиёсии Амрикост ва ҳамон гуна ки мебинем, бархе кишварҳои сад дар сад тобеи ҳам дар ҳоли зовия гирифтан бо Амрико ҳастанд.

Эшон аз ҷумлаи иқдомоти солҳои дуру наздики Амрико барои тасаллут бар минтақаро тақвияти режими саҳюнистӣ ва ташвиқи кишварҳо ба иртибот бо он хонданду афзуданд: Як нишонаи возеҳу ошкори омрикоизудоӣ аз минтақа, ҳодисаи амиқан таърихсози “Тӯфоналақсо” аст, ки агарчӣ алайҳи режими саҳюнистӣ буд, аммо дар ҷиҳати амрикоизудоӣ аст, зеро ҷадвали сиёсатҳои Амрикоро дар минтақа баҳам рехта ва бо идомаи он ҷадвали сиёсатҳои Амрико дар минтақа маҳв хоҳад шуд.

Эшон ҳалли масъалаи Фаластинро хусусияти дигари Ғарби Осиёи ҷадид ва дар ҳоли шаклгирӣ донистанду афзуданд: Масъалаи Фаластин ба тавфиқи илоҳӣ ба самти ҳал шудан, яъне ташкили ҳокимияти фаластинӣ дар ҳамаи сарзамини Фаластин дар ҳоли ҳаракат аст.

Эшон бо ишора ба интисоби як назари дурӯғ ба Ҷумҳурии исломии Эрон аз забони бархеҳо дар дунё, мабнӣ бар ба дарё рехтани яҳудиёну саҳюнистҳо барои ҳалли масъалаи Фаластин таъкид карданд: Назари ҷумҳурии исломӣ ба дарё рехтани касе нест, балки ин аст, ки бояд давлате бо назари мардуми Фаластин ташкил шавад ва дар бораи ин гуна афрод низ ҳамон давлат тасмим бигирад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар поён хотирнишон карданд: “Тӯфони Алақсо” хомӯш шуданӣ нест ва иншоаллоҳ ин вазъ низ идома нахоҳад ёфт.