Ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ.) ва гулзори шуҳадои Биҳишти Заҳро(а)
(last modified Wed, 31 Jan 2024 06:46:09 GMT )
Январ 31, 2024 11:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ.) ва гулзори шуҳадои Биҳишти Заҳро(а)

Дар остонаи Даҳаи фаҷри пирӯзии Инқилоби Исломӣ ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ.) ва гулзори шуҳадо ҳузур ёфтанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии дафтар мақоми муаззами раҳбарӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар марқади мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ.) бо қироати фотиҳа ёд ва хотираи бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ёдгори эшонро гиромӣ доштанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин дар мазори шуҳадои ҳодисаи ҳафтуми тир ва шуҳадои инфиҷори дафтари нахуствазирӣ дар ҳашти шаҳривари соли 1360 ҳузур ёфтанд ва ёди шаҳидон Биҳиштӣ, Раҷоӣ, Боҳунар ва ёрони шаҳидашонро гиромӣ доштанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бар мазори шуҳадои гаронқадри Инқилоби Исломӣ, дифои муқаддас ва дифо аз ҳарам низ ҳузур пайдо карданд.

Аз ҷумлаи шуҳадое, ки ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бар сари мазори онҳо ҳозир шуданд, шаҳид Муҳаммадамин Самадӣ буд, ки ахиран дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Димишқ ба шаҳодат расид.

 

Барчасп