ҶОМИ ОСИЁ – 2023: Тими милли футболи Эрон дар пеналтӣ Сурияро 5 бар 3 шикаст дод
(last modified Wed, 31 Jan 2024 19:16:22 GMT )
Феврал 01, 2024 00:16 Asia/Dushanbe
  • Эрон 5 бар 3 Сурияро шикаст дод
    Эрон 5 бар 3 Сурияро шикаст дод

Тими миллии футболи Эрон аз соати 19: 30 дақиқаи шаби чаҳоршанбе (ба вақти Эрон) дар варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифаи шаҳри Давҳа дар марҳилаи як ҳаштуми ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё муқобили тими Сурия қарор гирифт ва ин бозӣ то дақиқаи 120 натиҷаи 1 бар 1 дошт.

Дар дақиқаи 91 бозӣ Меҳдии Торимӣ, муҳоҷими тими миллии футболи Эрон дувумин корти зарди худро гирифт ва аз бозӣ ихроҷ шуд ва миллипӯшони Эрон аз ин ба баъд то охирин лаҳзаи бозӣ 10 нафарӣ ба бозӣ пардохтанд.  

Ба гузориши Шабакаи 3 телевизиони Эрон, бозӣ дар 120 дақиқа бо тасовии як бар як ба поён растд то кор ба заработт пеналтӣ кашида шавад.

Голҳои Эронро дар пеналтӣ Карими Ансорифард, Ромини Ризоиён, Умеди Иброҳимӣ, Меҳдии Туробӣ ва Эҳсони Ҳоҷисафӣ вориди дарвозаи ҳариф карданд.

Дуюмин пеналтии Сурияро Фаҳд Юсуф зад, ки дарвозабони тими Эрон - Бейронванд онро маҳор кард ва натиҷаро ба суди Эрон рақам зад ва Эрон бо натиҷаи 5 бар 3 дар заработи пеналтӣ Сурияро шикаст дод.

 

Барчасп