Феврал 08, 2024 18:57 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Эрон дар Созмони Миллал: Сиёсати Эрон, ором нигаҳ доштани авзоъи минтақа аст

Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид гуфт: Сиёсати Эрон, оромиши авзоъи минтақа ва коҳиши таниш ва даргириҳо аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Амирсаъиди Ереванӣ дар мусоҳиба бо телевизион NBC Амрико дар бораи сиёсатҳои минтақаии Эрон дар ростои коҳиши танишҳо дар минтақа, решаи ин танишҳоро иқдомоти Исроил ва нақзи ҳуқуқи фаластиниён донист ва гуфт: Роҳи ҳалли фаврии коҳиши танишҳо дар минтақа, оташбас дар борикаи Ғазза аст.

 Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид дар хусуси посухи Теҳрон ба ҳамлаи эҳтимолии Амрико ба Эрон ё манофеъи Эрон, таъкид кард: Мо ба ҳар таҷовузе посухи қотеъ хоҳем дод.

  Ереванӣ дар бораи даргириҳо дар баҳри Сурх ва ҳамлаҳо ба киштиҳои ҳомии Исроил низ решаи ин иқдомотро идомаи таҷовузи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза донист ва бо баёни инки бояд оташбаси доимӣ дар ин минтақа иҷро шавад, хотирнишон кард: Оташбас дар Ғазза бояд доимӣ, пойдор ва фарогир бошад ва таҷовуз ва наслкушии режими Исроил низ бояд мутаваққиф шавад.

 Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид дар идома дар хусуси ҳимоятҳои Эрон аз меҳвари Муқовимат низ гуфт: Иртиботи Эрон бо гурӯҳҳои муқовимат навъе паймони дифоъӣ байни гурӯҳҳои муқовимат ва Эрон аст; Онҳо тасмимот, интихобҳо, манофеъ ва алоиқи худро доранд, аммо ба сурати куллӣ ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳое бо якдигар доранд.

  Ереванӣ дар идома бо баёни инки амалиёти Тӯфонул-Ақсо (7 октябр 2023) комилан фаластинӣ будааст, гуфт: Эрон аз бахше аз иқдомоти онҳо аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқашон, ақиб рондани ишғолгарон, тахлия ва озодсозии сарзаминҳояшон ҳимоят мекунад.

 

Барчасп